Боздиди ҳайати намояндагони Бонки умуиҷаҳонӣ идома дорад

Боздиди ҳайати намояндагони Бонки умуиҷаҳонӣ идома дорад
Январ 23
09:59 2019

Сафари кории ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки дар бахши тандурустӣ фаъолият доранд, идома дорад. Зимни ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ин хазинаи бонуфуз бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, вохӯриҳо анҷом дода, бо рафти амалишавии лоиҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз наздик шинос шуданд. Роҳбари гурӯҳ хонум Кейт Мандевиле аз дастгириҳои  пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти истифодаи босамару шаффофи инвеститсияи хориҷӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зимни вохӯрӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода зикр намуд, ки натиҷаҳои фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди вазоратро дар навоҳии кишвар ба хубӣ дидану ҳис кардан мумкин аст.

Зимни сафари корӣ бо ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ дар маросими ба истифода додани бинои Маркази саломатии деҳаи Андреев ширкат намуда, аз сифати корҳои сохтмонӣ, дастрасии таҷҳизоти ташхисгоҳӣ ва тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни  сафари корӣ ҳайати гурӯҳ ба сифати кори табибони маҳаллӣ, андешаву баҳои аҳолии деҳаҳо ва таъмини шароити кории кормандони соҳа диққати бештар дода, натиҷаҳои сафари хешро дар ҷаласаи  шӯрои назоратӣ мавриди  баррасӣ қарор доданд.

Ба рафти амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ҳамаи аъзоёни гурӯҳи корӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон пешниҳод доранд, ки механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи фаъолиятро дар самтҳои дигар низ метавон истифода кард. Ба хусус дар самти  иммунизатсияи кӯдакони то 5 сола, дарёфт ва ба табобат ҷалб кардани гирифторони фишорбаландӣ, инкишофи барвақтии кӯдакон ва ҳифзи сиҳатии модару кӯдак истифода кардан бамаврид хоҳад буд.

Ҳайати расмии Бонки умумиҷаҳониро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Лоиҳа Насим Олимзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Лоиҳа Саида Ғайрат ба ҳузур пазируфта, натиҷаи амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ва фаъолияти минбаъдаи ин хазинаи байналмилалиро дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафари кории ҳайати гурӯҳ дар Тоҷикистон идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 646
  • 1,242
  • 949,666