Бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру муҷаҳҳазсозии марказҳои саломатӣ дар вилояти Хатлон

Май 31
10:23 2017

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи давр расонидани кумакҳои тиббӣ ба сокинон шӯъбаи бемориҳои дили беморхонаи Марказии нохияи Кубодиён таъмир гардида  дар ин росто бунёди марказҳои саломатии як қатор ноҳияҳои дигар дар ҳоли идомаёбӣ қарор гирифтааст. Инчунин  як қатор шӯъбаҳову марказҳои соҳаи тиб  бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шуданд.

Мувофиқи иттилои расида   дар  беморхонаи Марказии ноҳияи Кубодиён шӯъбаи бемориҳои дил таъмир гардид. Ин имконият медиҳад, ки сатҳу сифати хизмарасонии тиббӣ ба шаҳрвандони ноҳия беҳар гардида маризони  бемории дил ва фишорбаландї саривақт ба табобат фаро гирифта шаванд.

Инчунин бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон дар бахши кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии нохия  дастгоҳҳои нави соҳавӣ барои ташхиси бемории асаб, эпилепсия ворид карда шуд.

Айни ҳол бо дастгирии молиявӣ Бонки Умумиҷаҳонӣ  дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ  сохтмони  МСД «К.Маркс», МСД «Андреев» ва дар ноҳияи Ёвон МСД «Дустӣ», МСД «Қулобод» дар ҳоли идомаёбӣ қарор доранд, ки ба фаъолият шуруъ намудани ин бунгоҳҳои тиббӣ ба пешрафти соҳа саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 915
  • 1,242
  • 949,935