Чаро сафари Пешвои миллат ба Аврупо душманони миллати тоҷикро нороҳат сохт?

<span class="dojodigital_toggle_title">Чаро сафари Пешвои миллат ба Аврупо душманони миллати тоҷикро нороҳат сохт?</span>
Ноябр 11
09:29 2019

Чунин ба назар мерасад, ки аз сафари  Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо хоинони миллати тоҷик, ки дар кишварҳои қитъаи мазкур умр ба сар мебаранд, воқеан нороҳат  шуданд.

Ин бори аввал нест, ки хоинони миллати тоҷик аз сафари Пешвои миллат ба ин ё он кишвари Аврупо ба андозае нороҳат мешаванд, ки ба мисли гадоён  ба кӯча баромада, ба қавли худашон гӯё “гирдиҳамоӣ” ташкил менамоянд.

Ва сабаби аслии нороҳат шудани хоинони миллати тоҷик аз сафари Сарвари давлат ба кишварҳои Аврупо як аст: хоинони миллат аз ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳамчун паноҳҷӯ қарор доранд, ба мисли аҷалашон метарсанд. Хоинони миллати тоҷик аз он метарсанд, ки кишварҳое ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додаанд, агар бифаҳманд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватани хеш хиёнат намудаанд ва ватанфурӯшу беномусе беш нестанд, аз эҳтимол дур нест, ки аз он кишвар хориҷ карда шаванд.

Хоинони миллати тоҷик аз он метарсанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳар қадар бо кишварҳои абарқудрати Аврупо наздик бишавад, кӣ будани онҳо ҳамон қадар бештар ошкор мегардад ва эшон ҳамон қадар назди оламиён русиёҳтару шармандатар мешаванд.

Зеро, воқеан дар ойини дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо на бояд ду мавқеъ ва ё зиёда аз он ҷой дошта бошад. Танҳо як мавқеъ метавонад дӯстиву ҳамкории кишварҳоро мустаҳкам ва пойдор нигоҳ дорад. Бинобар ин, ҳар кишварро пеш аз ҳама зарур аст, ки дар равобити ҳамкорӣ бо дилхоҳ кишвар як мавқеъ интихоб намояд. Аз ин рӯ, ба андешаи банда, вақте кишварҳои Аврупо кӣ будани хоинони миллати тоҷикро мефаҳманд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз онҳо пуштибонӣ нахоҳанд кард.

Ин тоифа бадбахтону фурӯхташудагон, ки ба ном мухолифанд, дигар намедонанд, ки дар назди хориҷиён чӣ гуна худро шарманда бикунанд ва нишон бидиҳанд, ки аҳмақтар аз онҳо  дар олам нест.

“Мӯҳтарам” хоинони миллат, дар ҳоле шумо дар кишварҳои Аврупо ба мисли саги девона меҷакидед, мардуми Тоҷикистонро ҳодисаи мудҳише такон дод: шаби 6 ноябри соли равон як гурӯҳ террористон ба дидбонгоҳи марказии “Султонобод” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа чанд ҷавони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд.

“Муҳтарам” мухолифони фурӯхташуда, агар шумо воқеан Ватани хешро дӯст медоштед ва дилатон барои он месӯхт, чаро амали террористиеро, ки шаби 6 ноябри соли ҷорӣ ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омад ва боиси нигаронии шаҳрвадони Тоҷикистон гардид, маҳкум накардед?

Чаро ба наздикони қурбониёни ин ҳодиса, ки  ҳамватанони мову шумоянд, изҳори тасаллият баён накардед?

Чаро дар ин лаҳзаҳои пурҳассос нагуфтед, дар масъалаҳои амнияти кишвар ва манфиатҳои миллӣ паҳлуи Ҳукумати  мамлакат хоҳед буд?

Албатта, посухи ин саволҳоро аз шумо дида мо хуб медонем: шумо аз ҳамон террористоне, ки ҳамватанонатонро куштанд, ҳеҷ тафовуте надоред. Шумо низ ҳаммаслакони  террористон хоҳед буд. Агар дили шумо ба ватанатон месухт, ба ҷои  дар назди шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ худро шарманда кардан, ҳадди ақал як таъзиянома ба унвони волидони қурбониёни амали террористии шаби 6 ноябр мерасондед. Шумо бори дигар исбот намудед, ки на дар фикри Ватан ҳастед ва на дар фикри ҳамватанони хеш. Шумо танҳо дар фикри манфиати шахсии худ ҳастед. Шумо бозичаи дасти кишварҳои алоҳида ва гурӯҳҳои террористӣ мебошед.
Фикр накунед, ки бо баргузор намудани як гирдиҳамоӣ ( дар асл он чӣ, ки мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар кӯчаҳои Аврупо барпо мекунанд,  гурӯҳи  сагони гушнаро ба ёд меорад, ки барои ғизо ак-ак мекунанд) давлатҳои абарқудрат ба шумо бовар мекунанд. Балки дар назди шаҳрвандон ва ҳукуматдорони аврупоӣ шумо ҳамон саги гушнаеро мемонед, ки онҳо аз ак-акатон ҳаловат мебаранд ва ба ҳолатон механданд. Тамоми кишварҳои Аврупо сиёсати оқилона ва хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб медонанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистонро қабул ва дастгирӣ намуда истодааст.

Истиқболи гарму самимии Сарвари давлат ҳам дар кишвари Швейтсария ва ҳам дар Фаронса гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Дар ин ду кишвари мутараққии Аврупо Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд, ки ин нишонаи баланд будани обру ва мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Кулли мардуми сарбаланд ва   тамаддунофари тоҷик сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ  намуда, баҳри татбиқи он заҳмат кашида истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон айни  замон яке аз кишварҳои боамнтарини олам ба шумор меравад. Новобаста ба он, ки солҳои охир  бархе амалҳои номатлуб дар кишвар ба вуқӯъ меоянд, аммо хушбахтона  мақомотҳои қудратии Тоҷикистон қодир ҳастанд, ки дилхоҳ гурӯҳ ва ашхосе, ки дар ин сарзамин  ба қонуншиканиву вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ даст мезананд, пеши роҳашонро бигиранд.

Имрӯз нерӯҳои амниятиву қудратии Тоҷикистон ҳамқадами замон буда, барои мубориза бо дилхоҳ гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракати ифротиву террористӣ омода мебошанд. Сарбозони шуҷои Ватан ҳар ваҷаб хоки ин сарзаминро аз тамоми дороиву сарват боло медонанд ва баҳри дифои он омодаанд, ки ҷони азизи хешро нисор намоянд. Дар воқеъ, ин аст оини ватандорӣ. Ин аст назди Модар-Ватан рисолати имониву виҷдонии хешро ба ҷо овардан. На он, ки дар хориҷи кишвар  ба мисли саг ҷакидану худро назди оламиён шарманда намудан.

Ҳеҷ қувва ва афроди алоҳидаву гурӯҳаке наметавонад оромии Тоҷикистони азизи моро халалдор созад. Дигар мардуми тоҷик он мардуми солҳои 90-ум нест, ки ба ҳар сухану дасисаҳои бадхоҳони миллати хеш гӯш бидиҳад. Ин миллат сабақи таърихро бигирифта ва дигар асло ҳодисаҳои нангини бар сараш омадаро такрор нахоҳад кард. Дигар ҳатто бар ивази сарвати дунё наметавон миллати тоҷикро фиреб дод. Ин миллат дигар ҳаргиз иштибоҳ нахоҳад кард. Ин миллат дигар ҳаргиз  ба доми бадхоҳону аҳримансириштон нахоҳад афтод. Ин ҳамаро бояд бадхоҳони миллати тоҷик бидонанд ва дониста бошанд, ки  ҳар касе бар сари ин миллат даст мебардорад, худ бедасту по хоҳад шуд. Ин миллат вориси Темурмалик ва Восеъи шуҷоъ ҳаст, ҷасур, нотарс, пурғурур ва ватандӯст…

Таҷрибаи таърих нишон дод, ки касе ба миллати тоҷик бадӣ кард, русиёҳу бадбахт шуд. Касе ба миллати тоҷик бадӣ кард, ба муроду мақсади хеш нарасид.

Матлаби хешро бо суханҳои зер ба анҷом мерасонам:

Зинда бод Тоҷикистон!

Зинда бод дӯстиву иттиҳодии мардуми сарбаланди тоҷик!

Пояндаву ҷовидон бод сулҳу оромии Тоҷикистони азиз!

Нест бод террорист!

Нест бод хоини миллат!

Нест бод Ватанфурӯш!

Хуршед Азизӣ

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 987
  • 989
  • 887,352