Чаро сутунмӯҳраи кӯдакон каҷ мешавад?

Чаро сутунмӯҳраи кӯдакон каҷ мешавад?
Сентябр 02
09:51 2020

Бемории каҷшавии сутунмуҳра бармаҳал ба бемории остеохондрози сутунмуҳра оварда мерасонад. Мо бо пешгирии бемории каҷшавии сутунмуҳра хатари сар задани бемории остеохондрози сутунмуҳраро коҳиш медиҳем.

Мутаассифона, ба мушкилоти каҷшавии сутунмуҳра дар кӯдакон то ҳол диққати ҷиддӣ дода нашудааст ва ин масъала ҳалли худро ба таври зарурӣ наёфтааст. Хубтар мешуд, ки волидайн ба қаду қомати фарзандони худ, ба он ки чи хел менишинанд, роҳ мегарданд ва рост меистанд, аҳамият диҳанд. Чунки дар сурати мушоҳида гардидан ҳоҷати сари вақт пешгирӣ намудан ва ё табобат кардани бемории мазкур ба миён меояд.

Гирифтор шудани кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба бемории рахит яке аз сабабҳои  паҳну ҳамвор шудани тахтапушт гардида, ба паст шудани хосияти чандирӣ ва ёзиши сутунмуҳра мусоидат мекунад ва ба каҷшавии сутунмуҳра оварда мерасонад. Барои ҳамин, модарони азиз, нагузоред, ки бемории рахит дар кӯдакони шумо сар зананд ва аз беаҳамиятӣ сабаби ба маъюбият гирифтор шудани фарзандони шумо гардад.

Ҳангоми ҳомиладорӣ  дараҷаи лозимии нурафкании нурҳои ултрабунафшро гирифта, кӯдаконро аз рӯзи аввали таваллуд ба нурҳои офтоб одат кунонед, ё ин ки лампаи нурафкани ултрабунафшро дар назди кӯдакон гузоред, то ба онҳо нурҳо таъсир расонанд, зеро бо таъсири он дар ҷисми кӯдак витамини D ҳосил мешавад.  Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки дар ин мушкилӣ равғани моҳӣ низ ба шумо кӯмак мерасонад. Бояд донист, ки равғани моҳӣ дар тиб чун воситаи пешгирӣ аз бемории рахит истифода бурда мешавад.

Гузашта аз ин, инкишофёбии каҷшавии сутунмуҳра аз синни мактабӣ бо сабаби дуру дароз ва нодуруст нишастани кӯдак дар мизу курсии таълимӣ  маншаъ мегирад. Раванди чунин ҳолат дар 80 дарсади кӯдкаони мактабӣ мушоҳида карда мешавад.

Омилҳои дигаре, ки дар кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба каҷшавии сутунмуҳра оварда мерасонанд инҳоянд:

– Cахт печонидани кӯдаки хурдсол ва беҳаракат мондани он дар як ҳолат;

– Якчанд соат дар як рӯз ҷунбонида, дар як даст нигоҳ доштан;

– Кӯдаки ҳоло дуруст инкишоф наёфтаро волидайн бесаброна дар болои болишт ба муҳлати дароз мешинонанд,  гӯё ҷисми ӯро ба инкишоф ёфтан маҷбур мекунанд, аммо баръакс, аз нофаҳмӣ бо ин амал барои хуруҷ ва ташаккули каҷшавии сутунмуҳра асос мегузоранд.

Дар мактаб бошад, кӯдак маҷбур аст, ки соатҳои дуру дароз дар паси мизу курсиҳои баланду ноқулай шинанд.

– Бемаврид нишастан дар назди оинаи нилгун, аз меъёр зиёд банд шудан ба бозиҳои компютерӣ;

– Фаъолияти пасти ҷисмонӣ;

– Ташкили нодурусти машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб ҳамаи инҳо омилҳое ҳастанд, ки каҷшавии сутунмуҳраро метезонанд.

Мутаассифона, аз 100 танҳо 20 дарсади шумораи хонандагонро, ки мактаби миёнаро хатм мекунанд, комилан солим гуфтан мумкин асту халос.

Каҷшавии сутунмуҳра дар давраи мактабхонӣ, каҷшавии мактабӣ ва ё ибтидоӣ низ номида мешавад.

Мушоҳида мекунем, ки зуд-зуд кӯдакони синфҳои ибтидоиро волидайн барои ҳусни хати бад доштан ва хатоиҳо сарзаниш мекунанд. Кӯдакон дар навбати худ намехоҳанд, ки волидайн такроран онҳоро сарзаниш кунанд. Аз ин рӯ, ба дасти рост такя карда, дар мизу курсиҳои ноқулай муҳлати дароз аз паҳлуи рости тахтаи синфӣ нишаста кӯшиш мекунанд, ки ҳарфу рақамҳоро дуруст нависанд.  Ин ҳолат ба сустии мушакҳои паҳлуи сутунмуҳра ва каҷшавии сутунмуҳра оварда мерасонад.

Зарур аст, ки каҷшавии давраи мактабӣ аз каҷшавии статикӣ фарқ карда шавад. Чунки вай аз кӯтоҳ будани як пой, ки ҳангоми баромади модарзодии рон, паҳнпоӣ, рахит, сил ва дигар вайроншавиҳои системаи такяву ҳаракат ба вуҷуд меояд.

Каҷшавии статикӣ, чун қоида, дар қисми миёни сутунмуҳра рух медиҳад ва самти нимдоира ба тарафи пои кӯтоҳ нигаронида шудааст.

Хусусияти фарқкунандаи он чунин аст, ки агар кӯдаки беморро дар сатҳи ҳамвор шинонем, каҷшавии статикӣ нест мешавад, лекин ин фақат дар давраҳои аввали беморӣ мушоҳида мегардад. Барои ислоҳ кардани каҷшавии статикӣ дар давраи аввали беморӣ барои мувофиқат кардани пои дароз бо пои кӯтоҳ ба зери пошнаи пои кӯтоҳ гузоштани матоъ кифоя аст.

Дар давраҳои баъдӣ ба ғайр аз мувофиқа кардани пои кутоҳ бо пои дароз гузаронидани машғулиятҳои машқҳои махсус зарур меояд.

Сабзалӣ Аюбов, табиб

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 319
  • 989
  • 887,673