Чин тасмим дорад, ки ваксина аз коронавирусро дастраси тамоми ҷаҳон намояд

Чин тасмим дорад, ки ваксина аз коронавирусро дастраси тамоми ҷаҳон намояд
Июн 08
13:51 2020

Мақомоти Чин тасмим доранд, ки пас аз анҷом ёфтани таҳқиқот ва озмоиш ваксинаи коронавирусро дастраси тамоми ҷаҳон намоянд. Дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ рӯзи якшанбе ба муносибати нашри Китоби сафед таҳти унвони «Мубориза бо COVID-19: амалҳои Чин», ки аз ҷониби  Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин омода шудааст, вазири илм ва технологияи ҶМЧ Ван Ҷиганг изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ҳангоми таҳияи ваксина ба таъмини бехатарӣ, самаранокӣ ва дастрасии он афзалият дода мешавад. Ҷаҳонро зарур аст, ки дар  коркарди ваксинаҳо ҳамкории  худро дар марҳилаҳои минбаъда низ тақвият бахшанд» -гуфт ӯ.

“Вақте ки ваксина барои истифода омода мешавад, мо он ӯҳдадориҳое, ки раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар Ассамблеяи 73-юми ҷаҳонии тандурустӣ  изҳор дошта буд иҷро карда, онро дастраси тамоми ҷаҳон хоҳем кард» — илова намуд роҳбари ташкилот.

Номбурда қайд кард, ки айни замон олимони чинӣ ҳаддиақал панҷ намуди ваксинаҳоро коркард карда истодаанд. Баъзеи онҳо аллакай ба озмоиши доруҳо оғоз кардаанд.

Аксҳо: © EPA-EFE / NARONG SANGNAK, бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 541
  • 1,242
  • 949,561