Чорабинӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо оиди ислоҳоти Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

Чорабинӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо  оиди ислоҳоти Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ
Апрел 10
14:41 2018

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Азия – Гранд» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти «Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо  оиди ислоҳоти Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ» ҷамъомад баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинӣ Саида Умарзода  муовини   аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Игор Поканевич роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Содиқова ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Намояндагии Иттиҳои Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон ва пешбарандагони Лоиҳаи «Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Марҳилаи IV», инчунин   сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони   дигар вазорату идораҳои кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки  «Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо  оиди ислоҳоти Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ» моҳи январи соли 2017 ба кори худ оғоз намуда, моҳи апрели соли равон хотима ёфт. Лоиҳа идомаи мантиқии кушишҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди Низоми миллии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолият мебарад амалӣ гаштааст.

Дар чорабинии мазкур дарҷ гардид, ки лоиҳаи мазкур дар доираи чор ҷанбаи муҳим кор бурдааст;

– Рушди низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ, ки дар таъминоти барномавии DHIS2 асос ёфтааст.

– Дар истеҳсол нигаҳдории ҳисоботи омори ҳарсола.

– Беҳтаркунии сифати маълумот, омузиши мутахассисони омор ва кормандони роҳбарикунандаи низоми тандурустӣ.

– Дастгирии вебсомонаи Маркази Ҷумҳуриявии омор ва иттилооти касбӣ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 352
  • 1,242
  • 949,372