Аз фаъолияти JICA дар Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти JICA дар Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд
Март 12
08:39 2020

Дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Лоиҳаҳои кунунии JICA дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбари Намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон  Хидеки Танабе ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Хидеки Танабе, роҳбари Намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон   иброз намуд, ки ду солу шаш моҳ қабл JICA дар Тоҷикистон ба Дафтари мустақил ва кишварӣ табдил ёфт.

“Дар баробари ин, ман ҳамчун Роҳбари Дафтари JICA дар ин кишвари зебо дар аввали соли 2017 таъйин шудам. Дар рафти зиндагӣ ва фаъолиятам дар Душанбе ман дар ҳақиқат чунин як давраи ташаккулёбандаи Тоҷикистони мустақилро дида, шоҳиди дастовардҳои бузург дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, тағйироти динамикии муҳити атрофи он, чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар минтақа ва чӣ дар ҷаҳон мебошам”,-афзуд ӯ.

Дар идомаи нишаст номбурда оид ба фаъолияти Лоиҳаҳои кунунии JICA дар Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ба ҳозирин маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ агентии мустақили давлатӣ буда, ҳамоҳангсозии ҷараёни кӯмаки расмӣ барои рушдро аз номи Ҳукумати Ҷопон амалӣ месозад. Вазифаи ҷонии агентӣ ин кӯмак намудан ба давлатҳои рӯ ба инкишоф ҷиҳати тараққиёти иқдисодию иҷтимоии онҳо ва мусоидат  кардан ба ҳамкориҳои байналхалқӣ мебошад.

Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA  ҳамкориии худро бо Тоҷикистон соли 1993 бо даъват намудани 21 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо мақсади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи он дар соҳаҳои идоракунии босифат ва рушди макроиқтисодӣ, ки ҳадафи асосии он таъмини амният сулҳу субот мебошад, оғоз намуд.

Дафтари JICA дар Тоҷикистон расман соли 2006 таъсис ёфта, то ин замон лоиҳаҳои гуногуни кӯмаки грантӣ  ва ҳамкории техникӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми тоҷик дар соҳаҳои кишоварзӣ, таъмини оби нӯшокӣ, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика, рушди  иқтидор ва инкишофи соҳибкории хурду миёна фаъолона амалӣ гардида истодаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки 3 феврали соли 2020 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шифобахш” ва “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ба имзо расонида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 853
  • 989
  • 887,218