Субҳи имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби либоси миллӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонапарастӣ мулоқоти намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар рафти чорабинӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми раиси ин ниҳод Марҳабо Олимӣ намояндагӣ намуда, дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир, мушовир ва кормандону сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Марҳабо Олимӣ аз ҳозирини машварат даъват ба амал овард, ки ба либоспӯшии кормандони соҳаи тандурустӣ ҳангоми ҳозиршавӣ ба ҷои кор, алалхусус ба пешгирии пӯшидани сару либоси бегона аз ҷониби занону духтарон назоратро пурзӯр намоянд.