Санаи 19 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи пойтахт барои 80 тан аз собиқадорони меҳнати пойтахт, шахсони имконияташон маҳдуд аз Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи сайёҳӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо саёҳат дар пойтахт, таҳти унвони “Сайри баҳори Душанбе” оѓоз гардид, ки зимни он иштирокчиён тавассути ду автобус ба тамошои шаҳр баромада, бо кумаки роҳбаладони ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир-сайр” аз ёдгориҳои таърихиву иншоотҳои фарҳангӣ, ба монанди Муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Маҷмааи Кохи Наврӯз, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва ѓайраҳо дидан намуданд. Баъдан, дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” намоиши ҳунарҳои дасти пиронсолон аз маҳфилҳои “Гулдӯзӣ” ва “Рассомӣ” баргузор шуд.
Пас аз намоиш, сари мизи хӯроки нисфирӯзӣ дар ҳамин меҳмонхона бахши фарҳангии чорабинӣ оѓоз гардид. Ин қисмати ҳамоишро директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе Муҳаббат Зарипова ифтитоҳ бахшида, ба мақомоти дахлдор барои дастгириву ҳамкорӣ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштироку суханронӣ карданд.
Қобили қайд аст, ки навозандагону сарояндагони номии кишвар бо ҳунарҳои рангини худ табъи иштирокчиёни чорабиниро болида гардонданд. Иштирокчиён дар навбати худ бо шукргузорӣ аз даврони сулҳу истиқлол барои ғамхориҳои пайваста ва дастгирии бевосита ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуданд.