COVID-19. Дар ҷаҳон беш аз 3 миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

COVID-19. Дар ҷаҳон беш аз 3 миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд
Июн 03
12:53 2020

Ба ҳолати 3 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 115 ҳазору 981 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 485 ҳазору 571 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 23 ҳазору 638 кас шифо ёфтаанд ва 382 ҳазору 412 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 881 205 нафар), Бразилия (558 237), Россия (423 741), Испания (287 012), Британияи Кабир (277 985), Италия (233 515), Ҳиндустон (207 191), Франсия (189 220), Германия (184 091) ва Перу (174 884) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (645 974 нафар), Бразилия (253 570), Россия (186 985), Германия (166 400), Италия (160 092), Туркия (129 921), Эрон (123,077), Ҳиндустон (100 285), Чин (78 314) ва Мексика (70 308) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (108 059 нафар), Британияи Кабир (39 369), Италия (33 530), Бразилия (31 309), Франсия (28 940), Испания (27 127), Мексика (10 637), Белгия (9 505), Германия (8 674) ва Эрон (7 942) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Дар Белгия Ҷулия Девилдеи 100 сола пас аз табобат аз сирояти COVID-19 аз беморхона ҷавоб мешавад.
АКС аз MSN

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 966
  • 1,242
  • 949,986