COVID-19. Дар Хатлон корҳо дар самти пешгирии бемории коронавирус тақвият меёбанд

COVID-19. Дар Хатлон корҳо дар самти пешгирии бемории коронавирус тақвият меёбанд
Август 24
07:21 2020

Дар мачлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази СПИД-и ҷумҳуриявӣ Р.Нуров ва аъзои ситоди вилоятӣ,   роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардид.

Ҳамзамон  тавассути видеоконференсия бо алоқаи мустақим (онлайн) мулоқот баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон М.Раҷабзода, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии  шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19  оид ба ҷоннок намудани фаъолияти беморхонаҳои ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо маълумот  доданд.

Айни ҳол гурӯҳи кории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ бо сафари корӣ қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 909
  • 1,242
  • 949,929