COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 840 нафар расид

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 840 нафар расид
Март 26
13:34 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 182 нафар зиёд шуда, теъдоди умумии онҳо дар ин давлат ба 840 нафар расид. Шумораи беморони шифоёфта низ дар Россия зиёд шуда, ба 38 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин бо ошкор гардидани 25 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус дар Арманистон, 9 дар Қазоқистон, 5 дар Ӯзбекистон ва 11 дар Украина шумораи мубталоён дар ин давлатҳоҳо мутаносибан ба 290, 97, 65 ва 156 нафар расид.

Дар Озарбойҷон, Беларус, Молдова ва Қирғизистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, он мутаносибан 93, 86, 149 ва 44 нафарро ташкил медиҳад.

То имрӯз дар Россия 38 нафар, Беларус — 29, Арманистон – 18, Озарбойҷон – 10, Молдова – 2 ва Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.

Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 473 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 21 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 114 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 14 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз Валерий Шарифулин/ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 905
  • 1,242
  • 949,925