COVID-19. Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

COVID-19. Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон
Май 14
13:35 2020

13 май таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ҷаласаи ситоди доимоамалкунанда баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машварати корӣ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, масъулини муассисаҳои тандурустии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ,  масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва дигар масъулин ширкат намуданд.

Зимни машварат  сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Умедҷон Абдуллоев оид ба вазъи пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳисобот дод.

Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷиҳати пурзӯр намудани гардиши хонагӣ аз ҷониби табибони оилавӣ, таъмин намудани мутахассисон бо лавозимоти зарурӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, даъвати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва амсоли он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр шуд, ки ҳамарӯза дар шаҳр вазъият зери назорат қарор дошта, фаъолияти масъулин тақвият меёбад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 866
  • 989
  • 887,231