COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 179 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 179 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд
Июн 26
11:28 2020

Ба ҳолати 26 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,7 миллион шуда, зиёда аз 491 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,2 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 179 718 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 179 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 714 860 нафар ва теъдоди фавтидагон 491 856 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 250 087 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 504 588 нафар), Бразилия (1 233 147), Россия (613 994), Ҳиндустон (491 170), Британияи Кабир (307 980), Испания (294 566), Перу (268 602), Чили (259 064), Италия (239 706) ва Эрон (215 096) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз ЮРИЙ СМИТЮК/ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 639
  • 1,242
  • 949,659