COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 240 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шуд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 240 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шуд
Июл 18
11:02 2020

Ба ҳолати соати 10:00-и 18 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон сар аз хуруҷи пандемия то имрӯз беш аз 14 миллион нафар шуда, тақрибан 600 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва зиёда аз 8,4 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти охир, давоми шабонарӯзи гузашта 240 403 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 555 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 14 194 140 нафар ва теъдоди фавтидагон 599 416 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 8 470 275 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 770 012 нафар), Бразилия (2 048 697), Ҳиндустон (1 040 457), Россия (759 203), Перу (345 537), Африқои Ҷанубӣ (337 594), Мексика (331 298), Чили (326 539), Испания (307 335) ва Британияи Кабир (293 239) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС: © EPA-EFE/MARTIAL TREZZINI

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 688
  • 1,242
  • 949,708