COVID-19. Шираи пӯсти анор қобилияти зиддивирусӣ дорад

COVID-19. Шираи пӯсти анор қобилияти зиддивирусӣ дорад
Январ 08
15:35 2021

Олимони Эрон, Италия, Босния ва Гертсеговина  муайян кардаанд, ки фитотерапия, яъне муолиҷа бо растаниҳои давоӣ барои муолиҷаи бемории коронавируси намуди КОВИД-19 кумак мерасонад.

Тибқи таҳлилҳои ин олимон, махсусан шираи пӯсти анор бар зидди ин вирус хеле натиҷабахш мебошад. Моддаҳое, ки дар таркиби пӯсти анор мавҷуданд, ҳуҷайраҳои бадани инсонро метавонанд аз дохилшавии вируси зуком муҳофизат намоянд.

Вобаста ба қобилияти зиддивирусии шираи пӯсти анор табиби гиёҳдармонӣдоктори илми тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ иброз медорад, ки таъсири шираи пӯсти анор бар зидди вирусҳо хеле самаранок мебошад. Пӯсти анор дар баробари хусусияти зиддивирусӣ доштан, инчунин дарунравӣ ва хунравиро боздошта, ба чандин бемориҳои дигар даво мебахшад. Истеъмоли анор барои баланд бардоштани иммунитет манфиатовар мебошад.

“Вале бояд гуфт, ки дар ҳолати гирифторӣ ба  бемории  COVID-19  хун ғафс мешавад, ки дар ин вақт истеъмоли шарбати пӯсти анор мумкин нест. Зеро шарбати пӯсти анор  хунро ғафс мекунад”,-мегӯяд табиби гиёҳдармонӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ.

Бояд гуфт, ки шарбати анор ва чойи сабз низ таъсири хеле баланди  зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд — онҳо метавонанд то 80 фоизи коронавирусро нобуд кунанд. Ин шарбат ва чой муҳити туршро ба вуҷуд меоранд ва дорои полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки дар онҳо вирус наметавонад зинда монад.

Ба зикри Муллозуҳур Тоҳирӣ,  бӯйи райҳон ва пудина низ метавонанд вирусро нест кунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 37
  • 780
  • 1,242
  • 949,800