Зимни аксияи густурдаи эмгузаронӣ дар Хуҷанд сокинон ваксина гирифтанд

Зимни аксияи густурдаи эмгузаронӣ дар Хуҷанд сокинон ваксина гирифтанд
Декабр 18
10:04 2021

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияву тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рафъи ин беморӣ сурат мегиранд.

Дар мавзеи Регистони бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр бо ҷалби сироятшиносон, духтурони маркази саломатии №3, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ризокорон аксияи густурдаи эмгузаронӣ ташкил карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 30 нафар шаҳрвандон ваксина гирифтанд.

Бояд гуфт,  ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд. Онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузорӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 68
  • 1,042
  • 875,232