COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 6 миллион нафар гардид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 6 миллион нафар гардид
Май 30
09:36 2020

Ба ҳолати 30 май дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 125 ҳазору 511 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 33 ҳазору 835 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 661 ҳазору 163 кас шифо ёфтаанд ва 366 ҳазору 891 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 793 530 нафар), Бразилия (468 338), Россия (387 623), Испания (285 644), Британияи Кабир (271 222), Италия (232 248), Франсия (186 835), Германия (183 019), Ҳиндустон (173 763) ва Туркия (162 120) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (519 569 нафар), Испания (196 958), Бразилия (193 181), Германия (164 100), Россия (159 257), Италия (152 844), Туркия (125 963), Эрон (114 931), Ҳиндустон (82 627) ва Чин (78 302) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (104 542 нафар), Британияи Кабир (38 161), Италия (33 229), Франсия (28 714), Бразилия (27 944), Испания (27 121), Белгия (9 430), Мексика (9 415), Германия (8 594) ва Эрон (7 677) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз Global Look Press/Peter Steffen/dpa

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 13
  • 989
  • 887,367