Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 502 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд

Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 502 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд
Ноябр 30
16:11 2020

Дар ҷаҳон аллакай зиёда аз 63,07 миллион беморони гирифтори коронавируси нав ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар як шабонарӯз шумораи онҳо беш аз 502 ҳазор афзоиш ёфт.Чунин маълумотро имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ СУТ) интишор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

30 ноябр ба СУТ дар бораи 63.072.457 рӯйдоди сироятёбӣ ва 1.465.181 ҳолати фавт маълумот ворид гардид. Шумораи шахсони сироятёфта то 502,335 нафар, ҷонбохтагон то 7299 нафар зиёд шуд.

Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 13 750 404 нафар. Пас аз он Ҳиндустон (9 432 075), Бразилия (6 314 740), Россия (2 269 316), Франсия (2 218 483), Испания (1 646 192), Британияи Кабир (1 617 327), Италия (1 585 178), Аргентина (1 418 807), Колумбия (1 308 376), Мексика (1 107 071) ва Германия (1 055 607) меоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» шоми дирӯз бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор карда шуд ва  шумораи умумии гирифторон ба коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 29 ноябр ба 12155 нафар расид. Дар як шабонарӯз 41 нафар пас аз табобат рухсат шуданд, аз оғози пандемия 11559 нафар ва ё 95,1% -и сироятёфтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар айни замон 86 нафар ба асари COVID-19 ҷон бохтаанд.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 111
  • 989
  • 887,465