Декабр 29
17:40
2023
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла маъюбону беморон, имрӯз, 29 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон», “Ташкилоти ҷамъиятии «Дилҳои кушода» (кор бо кӯдакони гирифтори Синдроми Даун) ва “Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» (кор бо кӯдакони гирифтори вайроншавии спектри аутистики (Аутизм) ташриф овард.
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандону бошандагони муассисаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, махусан маъюбон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри зисту зиндагонии онҳо тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.
Гуфта шуд, ки 28 декабри соли 2023 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Аз ҷумла Президенти мамлакат иброз доштанд, ки барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.
Баъдан, аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба бошандагони ташкилотҳои мазкур туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.