Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Куруди Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бунгоҳ аз 4 ҳуҷра иборат буда, дар он тамоми таҷҳизоти тиббии муосир ва мизу курсиҳои соҳавӣ муҳайё карда шудааст. Дар бунгоҳи мазкур 4 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аснои ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ аз таваҷҷуҳи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, ба истифода додани иншооти мазкурро самараи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ба соҳа арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шумораи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб меафзояд, ки ин гувоҳи зиндагии шоиста доштани мардуми ноҳия ва деҳоти дурдасти он мебошад.