Дар доираи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд

Дар доираи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Март 29
15:12 2023
Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи “Корвони саломатӣ” ташкил ва баргузор карда мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ нақлиётҳои махсуси сайёри тиббӣ бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ва бо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, сокинонро ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро мегиранд.
Имрӯз, 29 марти соли равон чорабинии марказонидашудаи “Корвони саломатӣ”  ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.
Дар доираи ин чорабинии марказонидашудаи тиббӣ сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби 16 табиби ботаҷриба, аз ҷумла асабшинос, дилшинос, терапевт, гинеколог ва стоматолог ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.
“Корвони саломатӣ” субҳи имрӯз дар назди Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ, дар шаҳраки Бӯстон ба қабули беморон оғоз кард. Қарор аст, ки ин чорабинии тиббӣ то 6 апрели соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба кори худ идома диҳад.
Бояд гуфт, ки “Корвони саломатӣ” бо истифода аз нақлиёти махсуси сайёр, ки  дорои дастгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд, сокинони ноҳияро аз муоинаи ройгон мегузаронанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 341
  • 1,242
  • 949,361