Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Корвони саломатӣ” ба Тоҷикистон ду адад маҷмўи нақлиёти сайёри тиббӣ ворид гардид

Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Корвони саломатӣ” ба Тоҷикистон ду адад маҷмўи нақлиёти сайёри тиббӣ ворид гардид
Март 18
12:32 2021

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи “Корвони саломатӣ”-ро дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, оғоз намуд.

Маблағи умумии лоиҳа 2, 06 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60,0 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Татбиқи лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардида, он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст  ва ҳамзамон ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа нигаронида шудааст.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур санаи 15 марти соли 2021  ду адад маҷмўи нақлиёти сайёри тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, ки  маросими қабул ва муаррифии расмии онҳо дар нимаи аввали моҳи апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки нақлиётҳои махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла чор маҷмӯъ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудааст.

Бо дарназардошти он, ки дар раванди татбиқи лоиҳа ҷалби кормандони беморхонаҳои клиникии вилоятҳои Хатлону Суғд ҷиҳати гузаронидани муоинаи тиббӣ пешбинӣ шудааст, дар қисмати мазкур таъсиси шўъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа истифодаи таҷҳизоти дохилимобилӣ ба миён омада, бо назардошти ин, баргузории даври омўзишӣ оид ба истифода ва нигоҳубини он барои кормандони шўъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ҳамзамон давраҳои омўзишӣ барои мутахассисони муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти минтақаҳои таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои марбут ба беҳтаркунии хизматрасонӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ дар доираи татбиқи лоиҳа дастрас намудани маводҳои иттилоотӣ (буклетҳо ва овезаҳо) ба муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва видеороликҳо оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, таҳкими кор бо ҷомеа, бахусус кор бо дастаҳои ҷомеавӣ ба назар гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 740
  • 1,242
  • 949,760