Санаи 28 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” маросими расмии супоридани 31 адад дастгоҳҳои муосири генетикӣ бо унвонии Gene Xpert (Ҷен эксперт) сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дастгоҳҳои муосири соҳавии ба кишвар воридгардида, барои ташхиси саривақтии беморон хизмат расонида, инчунин ба кадом намуди сил гирифтор будани беморро дар кутоҳтарин муҳлат муайян менамояд.
Ба иттилои дастрас як адад дастгоҳи муосири генетикии (Ҷен эксперт) имкони ба 1 миллион нафар аҳолӣ хизмат расониданро доро мебошад. То ба имрӯз дар муассисаҳои табобатии бемории сили манотиқи кишвар фаъолияти 14 дастгоҳи муосири генетикии (Ҷен эксперт) бароҳ монда шудааст. Аммо аз сабаби танқиси доштани аҳолии дурдасти кишвар аз дастрасӣ ба чунин таҷҳизоти тиббӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тасмим гирифт, ки бо мақсади боз ҳам беҳтару худтар бароҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар саросари кишвар шумораи чунин дастгоҳҳои зарурии соҳавиро бештар намояд ва дар заминаи он мушкилоти сокинон аз байн бардошта шавад. Чунин назари хайрхоҳона буд, ки 31 адад дастгоҳҳои муосири генетикӣ бо унвонии Gene Xpert (Ҷен эксперт) ба кишвар ворид гардида дар рӯзҳои наздик ин дастгоҳҳо дар 31 муассисаҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил насб карда мешаванд.
Месазад қайд намуд, ки ба воситаи дастгоҳи муосири генетикии Gene Xpert табибон имкон пайдо менамоянд, ки дар фурсати кутоҳ шахси ба бемории сил гирифторшударо дарёфт намуда, ба кадом намуди сил гирифтор будан ва ба кадом дорухои зиддисилй мутобикат доштани беморро муаяйан созанд ва дар заминаи он ба маризони бемории сил табобати дурусту саривақтӣ бароҳ монда шавад.