Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб озмуни “Дорусози беҳтарин” доир гардид

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб озмуни “Дорусози беҳтарин” доир гардид
Май 11
12:28 2021

Дар Муассисаи давлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи кафедраҳои фарматсия ва фармакологияи коллеҷи мазкур озмуни “Дорусози беҳтарин” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар озмуни мазкур донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни худ мутобиқи шартҳои озмун, ки аз саволу ҷавоб, иҷрои корҳои амалӣ аз фанни технологияи дорусозӣ, маълумотдиҳӣ дар бораи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва омодасозии хуришҳои баҳорӣ бо шарҳи таркиби витаминӣ ва таъсири онҳо ба саломатии инсон иборат буд, рақобат намуданд.

Озмуни мазкур нишон дод, ки донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами фанни технологияи дорусозӣ, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва витаминҳо маълумоти саҳеҳ доранд.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки зимни озмун иштирокчиён дар бораи корҳои амалӣ, витаминҳо ва гиёҳҳои шифобахш маълумоти иловагӣ гирифтанд. Ҳамин тавр, аъзои ҳакамон кӯшишу ғайрати ҳарду гурӯҳро ба инобат гирифта, озмунро мусовӣ арзёбӣ намуд.

Дар охир донишҷӯёни фаъол аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 315
  • 989
  • 887,669