Дар ноҳияи Хуросон асбоби кӯҳнаю фарсудаи тиббиро аз истифода гирифтанд

Дар ноҳияи Хуросон асбоби кӯҳнаю фарсудаи тиббиро аз истифода гирифтанд
Август 24
07:55 2019

Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак бо мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  дар вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи минтақавии рақами 5-и ноҳия ва роҳбари  Маркази саломатии  ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон  барои иҷро накардани қоида ва талаботи санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ накардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷаримаҳои маъмурӣ намуданд.

Масъулини ин муассисаҳои тандурустии ноҳияи Хуросон дидаю дониста, бо асбоби тиббии муҳлати истифодаашон гузаштаи ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудаю фарсуда шуда  беморонро ҷарроҳӣ намуда ва дигар амалиёти табобатӣ  мегузарондаанд. Ин асбоб ба ҳаёти беморон хатари  ҷиддии сироятёбӣ дошта, аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарӣ  аз истифода  гирифта шуд.

Тибқи иттилои директори  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон Низомиддин  Бобоев, соли равон 4 нафар кормандони КАТС-и ноҳияро барои вайрон намудани коидаҳои санитарию эпидемиологӣ   ба маблағи 1825 сомонӣ ҷарима намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтори КАТС 4 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра фаъолияти Маркази саломатии деҳоти Қизил-қалъа бо сабабҳои ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан муваққатан боздошта шуд.

Пас аз таъкидҳои  ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   нисбат ба бемасъулиятии  табибон барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  назорату санҷишҳо аз тарафи мутахассисони  марказҳои назорати санитарию эпидемиологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин хотир табибони  КАТС-и ноҳияи Хуросонро зарур аст, ки дар фаъолияти худ хунукназарӣ накарда, нисбат ба саломатии беморон аҳамияти ҷиддӣ дода, бо асбобҳои наву ба талаботи санитарӣ  ҷабобгӯ хизмати тиббӣ расонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 732
  • 1,242
  • 949,752