Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд
Май 31
15:58 2024

Имрӯз, 31-уми майи соли равон дар ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, ки аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикистон табиб доруроз” бо саҳмгузорони ватанӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ба истифода додани корхонаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири  Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода, роҳбарият ва кормандони корхонаи мазкур  иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои сохтмони иншооти навбунёд ва воридоти таљҳизотҳои истеҳсолӣ 8 миллион сомонӣ харҷ  гардида, дар корхонаи мазкур истеҳсоли 6 номгуй  гулоб (аз пудина, биҳӣ, гули заъфарон, гули муҳаммадӣ, гули тархун) ва аз гули садбарги муҳаммадӣ (роза) ҷудо намудани равғани эфирро ба роҳ мондаанд, ки айни ҳол дар корхона 30 000 адад гулоб дар ҳаҷми 500 мл ва 40 тонна гули садбарги муҳаммадӣ коркард гардидааст.

Бино ба иттилои масъулин, дар ин корхона 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 320 нафар ба корҳои мавсимӣ љалб карда хоҳанд шуд. Корхонаи мазкур дар майдони заминҳои худи корхона ва қисман ба иљора гирифта дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 3 гектар лавандаи осиёӣ ва аврупоӣ ва дар масоҳати 24 гектар гули маҳаммадӣ кишт ва парвариш намудааст.

Аз ҷумла дар ин ҷо гиёҳҳои шифобахши пудинаи боғӣ, янтоқ  ва зафарон ҳамчун намуна кишт ва парвариш гардидаанд, ки барои дар оянда коркард шудан ба нақша гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар табиати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки онҳо ба саломатии инсон хеле манфиатовар мебошанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чандин корхонаҳои хурду калон вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба коркарди гиёҳҳои  шифобахш сармашқи кори худ қарор дода,  тамоми талошу кӯшиши хешро дар ин самт равона хоҳад сохт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760