ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ дар намоиш ва фурӯши китоб (АКС)

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ дар намоиш ва фурӯши китоб  (АКС)
Январ 11
09:52 2020

Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, имрӯз, 11 январи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва фурӯши китоб баргузор гардид, ки дар он кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои миёна ва олии кишвар иштирок намуда, китобҳои дилхоҳашонро харидорӣ намуданд. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи нашриявии  “Адиб” баргузор гардид.

Дар қатори кормандони дигар вазорату идораҳои кишвар, дар намоишгоҳи мазкур кормандони соҳаи тандурустӣ низ фаъолона иштирок намуда, китобҳои дилхоҳашонро харидорӣ намуданд.

Дар баробари калонсолон, ҳамзамон дар намоишгоҳ наврасони зиёде бо волидони хеш иштирок намуда, бо завқу шавқи том китобҳоро аз назар мегузарониданд.  Волидон ба фарзандони хеш китоб мехариданд.

Аз фазои намоишгоҳи мазкур хуб эҳсос мешуд, ки сокинони мамлакат аз иқдоми Сарвари давлат ҷиҳати рӯ овардан ба мутолиаи китоб бениҳояд шод мебошанд.

Зеро, воқеан, китоб беҳтарин дӯст, хазинаи хирад ва ақлу заковат барои инсон ба шумор меравад. Бо гузашти ҳазорсолаҳо, рушди илму техника ва то ба кашфи кайҳон даст ёфтани инсон, китоб ҳамоно  ганҷинаи нодири маънавӣ барои башрият боқӣ монда, арзиши худро аз даст надодааст.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъалаи китоб таваҷҷуҳи махсус зикр намуда, ба кормандони тамоми ниҳодҳои давлатии кишвар супориш доданд, ки  дар баробари китобҳои соҳавӣ, ҳамзамон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ рӯ оваранд.

Баҳри дар амал иҷро намудани супориши Сарвари давлат роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай чораҳои мушаххасро рӯи кор гирифта, рӯзҳои наздик асарҳои бадеӣ аз осори адибони барҷастаи дохиливу хориҷӣ ба феҳристи китобхонаи вазорат ворид хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 905
  • 1,242
  • 949,925