16 марти соли равон бо ташаббуси Ташкилоти тиббии байналмилалии Духтурон бидуни марз ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, ки ҳамасола дар олам санаи 24 март таҷлил мегардад, дар Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сили шаҳри Душанбе намоиши расмҳои кӯдаконе, ки бар зидди ин беморӣ мубориза мебаранд, баргузор гардид.
Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯз дар кишвар барои ташхис ва табобати гирифторони бемории сил тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки чорабинии имрӯза ба хотири кӯдаконе, ки ба бемории сил мубориза мебаранд, ташкил ва баргузор гардида, ҳадаф ва мақсади он кӯшишу талоши дастаҷамъонаи аҳоли ҷомеа баҳри мубориза бо бемории мазкур мебошад.
Ҳамин тавр, зимни баргузории чорабинӣ дар миёни иштирокчиён озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар натиҷа ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, барои кӯдакон «қуттии шириниҳо» тақсим карда шуд.