Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн ҷашн гирифта мешавад нақшаю чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуда, як қатор чорабиниҳоро баргузор намудааст.
Гуфта мешавад баргузор намудани «Рӯзи дарҳои кушод» дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо, аёдати кӯдакони маъюби бистарӣ ва имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, семинарҳои таълими барои кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба Рушду инкишофи бармаҳали кӯдакон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳимояи ғизои табии кӯдакон ва таъмини кӯдакони аз 6 моҳа то 59 моҳа ба ғилофакҳои витамини А дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мебошанд.
Инчунин аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон бо аҳолӣ суҳбат ва вохуриҳо гузаронида, ба роҷеъ ба рушду инкишофи бармаҳали кӯдакон, аҳамияти витамини А ва иммунизатсия, ҳимояи ғизои табии кӯдакон ва пешгирии бемориҳои дарунрав маслиҳатҳо доданд.
Гуфта мешавад ҳамзамон дар якҷояги бо Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар боғи истироҳативу фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба таҷлили ин ҷашни байналхалқӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, санъаткорон, нависандаҳо ва намояндагони динӣ иштирок намуданд.