Дар шаш моҳи соли 2022 дар Кӯлоб ба 1 522 нафар хизмати тиббии ройгон расонида шудааст

Дар шаш моҳи соли 2022 дар Кӯлоб ба 1 522 нафар хизмати тиббии ройгон расонида шудааст
Июл 22
07:56 2022

Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб кормандони шуъбаи Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ва раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб бо намояндагони воситаҳои  ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Зимни пешниҳоди ҳисоботи шуъбаи Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ва раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб зикр шуд, ки дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб 38 муассисаи тандурустӣ фаъолият намуда, дар ин давра ба 1 ҳазору 522 нафар ба маблағи 56 ҳазору 759 сомонӣ хизмати тиббии ройгон расонида шудааст.

Дар нишаст зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли 2022 аз тарафи мутахассисони самти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 27 муассисаи тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки  аз ин микдор 12 адад санҷиши нақшавӣ ва 15 адад санҷиши ғайринақшавӣ мебошанд.

Гуфта шуд, ки  дар ин давра дар самти фаъолияти фармасевтӣ низ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 23
  • 783
  • 1,242
  • 949,803