Июн 27
18:54
2021
То имрӯз, 27 июни соли равон дар Тоҷикистон 205 ҳазору 619 нафар ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 18 ҳазору 29 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Дар ин росто, қайд кардан ҷоиз аст, ки шурӯъ аз 24 июни соли равон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сирояти коронавирус дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сияроти мазкур маънидод мекунанд.
Бояд гуфт, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ идома дорад.