Дар Тоҷикистон аввалин Форуми байналмилалӣ вобаста ба масъалаи маъюбӣ баргузор мегардад

Дар Тоҷикистон аввалин Форуми байналмилалӣ вобаста ба масъалаи маъюбӣ  баргузор мегардад
Июн 25
07:08 2019

18 октябри соли 2019 дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе  Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.

Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкории пайваста бо агентиҳои Созмони Миллали Муттаҳид, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд баргузор мегардад.

Дар Форум масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ, муҳити дастрас, омори маъюбон ва маблағгузории бахши маъюбӣ дар давоми 10 соли охир баррасӣ мегарданд.

Дар Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон  роҳбарияти олии кишвар, садри вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарон кормандони  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамоянд.

Тавре Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ иброз дошт, баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон имкон медиҳад, ки ҷараёни татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ва баҳодиҳии таъсири Барномаи миллии мазкур ба ҳаёти одамони дорои маъюбият, оилаҳои онҳо баррасӣ гардад:

-Форум чорабиние мешавад, ки ба пешбурди масъалаҳои маъюбӣ ва ташкили майдони муҳокима бо иштироки намояндагони сатҳи баланди Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, муассисаҳои махсуси Созмони Миллали Мутттаҳид, Ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дигар шарикони рушд, ҳамчунин  васоити ахбори омма мусоидат хоҳад кард. Он ҳамчунин ба пешбурди фаъолият, шарикӣ, омори соҳа ҷиҳати таъмини тағйиротҳои дарозмуддат барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои шахсони дорои маъюбият дар мутобиқат бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  барои солҳои то 2030 равона гардидааст.Ҳамчунин, баргузории Форум имкон медиҳад, ки  рушди фарогирии умумӣ ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардад,-мегӯяд ӯ.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаи амалро нисбати ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад.

Бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат дар оғози соли 2018  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692