Дар вилояти Хатлон бунёд ва азнавсозии 941 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар вилояти Хатлон бунёд ва азнавсозии 941 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Ноябр 04
13:40 2020

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бунёди 532 иншооти соҳаи тандурустӣ ба анҷом расида ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Аз он ҷумла, то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 27 адад беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона сохта ба истифода супурда шудааст.

Ҳамзамон, то ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бунёду азнавсозии ҷамъан 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол дар вилоят сохтмони иншоотҳои калонҳаҷми соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 нафар қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома доранд.

Ҳамзамон, дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон феълан 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар ин бора шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

(Акс аз бойгонии moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 687
  • 989
  • 888,041