Дастгирии лоиҳаи нав аз ҷониби Бонки Исломии Рушд

Дастгирии лоиҳаи нав аз ҷониби Бонки Исломии Рушд
Феврал 21
08:37 2020

Созишномаи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2019, №1548 ба тасвиб расидааст.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии  маблағи лоиҳа 26, 87 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки  аз ин миқдор 23 миллион доллар саҳми Бонки Исломии Рушд, сањми агентињои СММ (ЮНИСЕФ, ТУТ, ЮНФПА) 1 005 000 доллари ИМА ва сањми Њукумати Љумњурии Тољикистон 2, 860 миллион доллари ИМА мебошад.

Лоиҳа ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Ховалинг ва ш. Нораки вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

 Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат буда, қисми аввали он дастрас намудани таҷҳизот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ -сохтмони Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара, таъмир ва барқарорсозии Беморхонаи марказии шаҳри Норак ва сохтмони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро дарбар мегирад.

Қисмати дуюми лоиҳа дастрас намудани таҷҳизот  ва маводи таббӣ ба беморхонаҳои марказии чор ноҳияҳои таҷрибавӣ ва Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа 87 бунгоҳи тиббӣ, 42 маркази саломатии ноҳиявӣ ва деҳотӣ бо таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. Инчунин,  9  нақлиёти ёрии фаврии тиббӣ барои беҳтар намудани системаи интиқоли беморон ба беморхонаҳои ноҳияҳои таҷрибавӣ  харидорӣ ва дастрас  карда мешавад, ки ин мошинҳо низ пурра бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида  хоҳанд шуд. Ин қисмати лоиҳа ҳамзамон, дастгирии рушди институтсионалӣ, захираҳои инсонӣ ва чорабаниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолиро дарбар мегирад.

Қисмати сеюми лоиҳа дастгирии идоракунии лоиҳавӣ мебошад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 113
  • 989
  • 887,467