Дастовардҳои соҳаи тибби вилояти Халтон назаррасанд

Май 11
09:52 2017

Таи 4-моҳи соли ҷорӣ дар фаъолияти муасисаҳои тандурустии вилояти Хатлон як қатор тағиротҳо ба вуқуъ омада тадбирҳои амалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба пешравиҳои соҳа ва дар заминаи он беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббиву ба роҳ мондани роҳҳои соддатари хизматрасонии тиббӣ рӯи даст гирифта шуд. Аз ҷумла дар ин давра  дар ноҳияи Балҷувон шуъбаи ҷарроҳӣ ва шуъбаи таваллудӣ  кушода шуд. Ҳамзамон дар ин даврабо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти Оғохон  дар  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин марказҳои саломатии деҳотии  «Пистамазор 2 , «Девдор», «Наво», «Чагам»  сохта ба истифода дода шуданд.

Таи соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи Марказии ноҳияи Бохтар барои сари вақт расонидани хизматрасонии тиббии босифат 18-номгӯи таҷҳизотҳои муосири тиббӣ дастрас карда шуд

Дар ин давра маркази саломатии №2 ш. Кўлоб, беморхонаи сироятии шаҳри Кулоб, шуъбаи таваллудии шаҳри Кўлоб, таъмир гашта бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гаштанд. Дар беморхонаи вилоятии рақами  №2 ба номи А.Ҳақназаров бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва Ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас гардид.

Ҳамзамон дар беморхонаи вилоятии бемориҳои чашми шаҳри Кўлоб таҷҳизоти роғдори офтолмологӣ, квартс ва маводҳои ғайритиббӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид карда шуд.

Дар ноҳияи Дустӣ дар Беморхонаи рақами №1-и ҷамоати “20 солаги Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳраки  Ғараутӣ, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 35 км дур ҷойгир мебошад, шуъбаи ҷарроҳӣ, ки солҳои зиёд фаъолият надошт аз нав эҳё карда шуда бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз гардонида шуд.

Дар ин давра ҳамзамон дар филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумхуриявии илмии хун” дар шаҳри Қурғонтеппа, дастгоҳи нави ҳозиразамон “Гемостаз”-АВГ-2-0,2П васл гардид, ки барои таҳлили лахташавии хун барои бемориҳои дил, хангоми хунравӣ, барои амалиёти ҷарроҳии занон ҳангоми хунравӣ  ва факторҳои биологии хун дастрас гардид.

Ҳамзамон дар ноҳияи Шаҳритус бунгоҳи саломатии «Ватан» бо ташаббуси   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо   Созмони Миллали Мутаҳид UNDP сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Мир Саид Алии            Ҳамадонӣ бошад  бунгоҳҳои  саломатӣ бо қарори раиси ноҳия ба Марказҳои саломатии деҳот табдил дода шуда, бунгоҳҳои саломатии  «Пахтакор», «Қаҳрамон», «Чубек» аз ҳисоби Лоиҳаи Сино таъмири косметикӣ карда шуд. Инчунин  дар ноҳияи Ҷайхун бунгоҳҳои саломатии «Озодӣ», «Ватан» бо дастгирии   Созмони Миллали Мутаҳид UNDP сохта ба истифода дода шуд. Дар ин давра  дар шаҳри Қурғонтеппа бунгоҳҳои саломатии «Зарбадор», «Зархез», маркази саломатии деҳоти «Гулистон»  аз ҳисоби Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Данғара бунгоҳи саломатии «Шаршари пушинг», сохта ба истифода дода шуда ҳамзамон дар ин ноҳия  Беморхонаи минтақавии Сангтуда, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 56 км дур аст, бо 15 кат таъсис дода ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ноҳияи А.Ҷомӣ бунгоҳи саломатии «Куҳдоман», бунгоҳи саломатии «Пахтакор»  ба таври ҳашар сохта шуда,  дар деҳаи Зарнисор бунгоҳи саломатии “Зарнисор” аз ҷониби ташкилоти хайрияви Тоҷикистон дастгоҳи фавқулсадо, зарабин ва мизу курсӣ дастрас гардид. Дар бахши госпиталии ноҳия дастгоҳи ташхиси лапароскопия аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардид.

Инчунин бо ташаббуси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод бунгоҳи саломатии «Хуҷаи Нур» сохта ба истифода дода шуд.

Дар  асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба  сатҳу сифати маводи доруворӣдар Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон барои муайян намудани сатҳу сифати маводҳои доруворӣ ва фармасевтӣ  таҷҳизоти лаборатории “анализатор” дастрас карда шуд.

Айни ҳол бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ  дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ сохтмони марказҳои саломатии «К.Маркс», «Андреев» идома дошта, дар ноҳияи Ёвон низ корҳои сотмонии  марказҳои  саломатии деҳоти «Дустӣ», «Қулобод» аз ҷониби  Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳоли идомаёбӣ қарор гирифтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 709
  • 1,242
  • 949,729