Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст

Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст
Сентябр 23
20:02 2021

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус – COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар мамлакат 17084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд, ки барои фарогирии гурӯҳи мақсадноки аҳолии аз 18 сола болои мамлакат, ки 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт гузаронидани ваксина ба аҳолии мамлакат, имрӯз сатҳи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад, шуруъ аз 29 – уми августи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд.

Дар пойтахти мамлакат дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва мубориза бар зидди он тадбирҳои зиёди самарабахш амалӣ карда шудааст.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, зери таваҷҷуҳи доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Дар рӯзҳои охир ба марказҳои ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ва мутахассиони соҳаи тиб, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд,  аз ҷониби сокинон даъватҳои алоқаманд оид ба бемории сироятии COVID-19 анҷом дода нашудааст.

Новобаста ба ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафту омади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба қаламрави мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 407
  • 956
  • 913,107