Беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва тақвияти заминаи моддию техникӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои осаии фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар доираи фаъолияти якҷояи Лоиҳа бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва зерсохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, давраҳои бозомузии шашмоҳа аз руи ихтисоси “Тибби оилавӣ” дар чанд давр роҳандозӣ гардиданд.
Даври дуюми бозомӯзии шашмоҳа дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 12 нафар кормандони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ” ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба хотири дурии роҳ омузгорону тренерони маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ба ноҳияи Дарвоз сафарбар карда шуданд. Ба бозомузон ҳар як модули таълимиро дар давраи муайян бо иштироки мутахассисон меомузонанд ва дарсҳои амалиро дар худи маркази саломатии ноҳия мегузаронанд. Бозомузон дар давраи таҳсил бо маблағи кирояи манзил ва идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.
Дар даври якуми ин омузиш,дар соли 2021, 11 нафар корманди миёнаи тиб соҳиби ихтисоси “Тибби оилавӣ” гардида буданд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барои таълимгирандагони даврҳои омӯзиши шашмоҳаи тибби оилавӣ 60 адад борхалтаҳои тиббӣ, барои роҳандозии омӯзиши фосилавӣ ба ҳамаи 7 марказҳои саломатии деҳот таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд.