Директори Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон: Зуком (грипп) бемории шадиди роҳҳои нафас буда, мо ҳоло дар мавсими дуюми он қарор дорем

Директори Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон: Зуком (грипп) бемории шадиди роҳҳои нафас буда, мо ҳоло дар мавсими дуюми он қарор дорем
Апрел 21
14:16 2021

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар давлатҳои минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бемории зуком  дар авҷ аст. Он ҳамасола  дар ҳафтаи 40-уми сол яъне моҳи октябр оғоз гардида, то ҳафтаи 20-уми соли дигар — охири моҳи апрел идома меёбад. Аз ин рӯ мо ҳоло дар мавсими дуюми  ин беморӣ қарор дорем ва ин  мавсим бо тағйир ёфтани обу ҳаво метавонад ба ҳар шакли, аз ҷумла ба шакли  шадид гузарад, иброз дошт директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» Муродалӣ РӮЗИЕВ  зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН.

Ба зикри мавсуф,  дар Тоҷикистон бештар зукоми намудҳои А (H1N1 ва H3N2) ва В ба қайд гирифта мешаванд. Ҳоло низ ин ду намуди вируси зуком  фаъол шудаанд. “Дар баробари ин, бемориҳои дигари ба зуком монанд, чун аденовирусҳо, парагриппҳо ва риновирусҳо дар байни аҳолӣ гардиш доранд»,- гуфт Муродалӣ Рӯзиев.

Бо мақсади пешгирии бемории зуком миёни кормандони соҳаи тандурустӣ соли 2020 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои ҷудонамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ 5  ҳазор вояи ваксинаи севалентаи зидди зуком харидорӣ шуда, ба муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳуриявӣ ва минтақаҳо дастрас гардид. Ғайр аз ин, бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ барои бо ваксинатсия фаро гирифтани кормандони соҳа боз 20 ҳазор вояи ваксинаи зидди зуком ба ҷумҳурӣ ворид ва ба муассисаҳои соҳа  тақсим карда шуд.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, ҳар сол вобаста ба оғози мавсим дар заминаи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» ва Раёсати назорати давлатии эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо мақсади муайян намудани вирусҳои гардишкунанда назорати серологӣ, вирусологӣ ва эпидемиологии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гузаронида мешавад, ки натиҷаҳои он тариқи бюллетен ҳар ҳафта чоп шуда, барои маълумот ва корбарӣ ба муассисаҳои соҳавӣ ирсол  мегардад.

Зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, барангезандаи он вирус мебошад. Бештар ба  ин беморӣ кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)- и заиф доранд, гирифтор мешаванд. Ба беморони гирифтори зуком вобаста ба аломатҳои клиникии он табобат таъйин карда мешавад. Яъне табобат бо таъйини маводи тиббии табшикан, баланд намудани масунияти умумии бадан, пешгирикунандаи дигар бемориҳои ҳамрадиф анҷом дода мешавад.

Тавре мутахассиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ Табаров иброз дошт, барои пешгирӣ аз зуком   нафароне, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд, бояд эҳтиёткор бошанд ва ба обутоби бадан пайваста машғул шаванд. Инчунин қоидаҳои одитарини беҳдоштию зиддиэпидемикиро  риоя намоянд.  Дар ҳолати пайдо шудани ҳарорати баланди бадан ва дигар нишонаҳои беморӣ ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, ба худтабобаткунӣ набояд  роҳ  дод. Агар зуком сари вақт табобат шавад, он  боиси илтиҳоб ва дигар  оризаҳо  намегардад.

«Дар мавриди табобат бояд ҳаминро зикр намуд, ки ҳангоми гирифтори зуком шудан набояд антибиотик истифода кард, зеро  маводи зиддимикробӣ ба вирус ягон таъсир намерасонад. Бояд дар ин вақт бо тавсияи табибон маводи зиддивирусӣ истифода бурда шавад.

Барои баланд бардоштани иммунитети  бадан  ҳар гуна афшура, мева ва сабзавоти тару тоза истеъмол намудан  хуб аст. Дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, ҳавои хонаро тез- тез тоза намудан манфиатовар мебошад»,- гуфт Маҳмадалӣ Табаров.

Зукомро баъзе нафарон бемории сабук пиндошта, аҳамият намедиҳанд, ки ин  дуруст нест. Дар ҳолати беаҳамиятӣ он метавонад ба оризаҳо оварда расонад. Зуком аз шахси бемор тавассути сулфаю атса зуд ба атрофиён паҳн мешавад. Шахси сироятшуда барои аҳли хонавода манбаи  паҳнкунии беморӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳолати сироят ёфтан шахс дар худ табларза, ҳарорати баланд, дар мушаку буғумҳо дардро эҳсос менамояд  ва аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашад. Инчунин  оби бинӣ зиёд ва  димоғ маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос  мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шиква карда, аз иштиҳо мемонад. Баъзе кӯдакон зимни гирифторӣ ба зуком қай намуда, сусту беҳол мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки олимони соҳаи тиб зиёда аз 2 ҳазор намуди  вируси зукомро муайян кардаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

                                    АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 98
  • 989
  • 887,452