Доир ба натиҷагирӣ аз татбиқи “Стартегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ҷаласаи корӣ баргузор гардид

Доир ба натиҷагирӣ аз татбиқи “Стартегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ҷаласаи корӣ  баргузор гардид
Декабр 10
14:16 2020

10 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Кумитаи байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи “Стартегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024”, ки бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 мавриди амал қарор гирифтааст, доир гардид.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷаъфаров зимни суханонии хеш вобаста ба зарурати таҳия ва дар амал қарор додани чунин як Стратегияи муҳим вобаста ба ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки норасогии ғизои солим яке аз масъалаҳои ниҳоят ҷидди глобалии саломатӣ мебошад.

Муайян гардидааст, ки ғизои носолим ва сатҳи пасти фаъолияти ҷисмонии кӯдакон ва калонсолон метавонад саломатӣ ва некуаҳволии онҳоро, инчунин сармояи инсонӣ ва рушди мамлакатро ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

“Қайд кардан ба маврид аст, ки норасогиҳои микроэлементҳои зарурӣ сабагори бисёре аз бемориҳо мегарданд, ки оқибатҳои нохушро ба бор меоранд. Аз он ҷумла намудҳои нисбатан паҳншудаи норасогии микроэлементҳо ин камхунӣ мебошад, ки асосан бо норасогии оҳан вобаста буда, хатари бо вазни кам таваллуд шудани кўдаконро зиёд мекунад, инчунин инкишофи ҷисмониро суст гардонида, метавонад сабагори 19 фоизи марги навзодон  ҳангоми таваллуд гардад”,-афзуд номбурда.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур таъмини амнияти озуқаворӣ  яке аз самтҳои афзалиятнок ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҷуҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 698
  • 1,242
  • 949,718