Доктор Ораш Алоӣ: Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад

Доктор Ораш Алоӣ: Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад
Ноябр 25
15:04 2020

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19  назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад. Зеро Ҳукумати ин мамлакат дар нахустин лаҳзаҳои ба қайд гирифтани бемории коронавирус  ҳудудҳои  худро бо дигар давлатҳо баст, фаъолияти тарабхона ва меҳмонхонаҳоро қатъ кард, мардум дар кӯчаҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор менамуданд, ки ин аз барномаи хуб доштани ин давлат дарак медод. Ин нуктаро директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ дар Душанбе зимни  ҳамоиш оид ба инъикоси масоили вобаста ба бемории COVID- 19, ки бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид, иброз дошт.

Сабаби дигари ин ҳолатро Ораш Алоӣ ба он рабт дод, ки 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ намуда, аҳолии шаҳр камтар мебошад ва дар деҳот мардум бештар дар фазои кушод аз боду ҳавои  тоза нафас мегиранд, ки ин яке аз омилҳои асосии камтар ба бемории коронавирус гирифтор шудани аҳолӣ мебошад.

Доктор Ораш Алоӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло шумораи нафароне, ки дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, зиёд ба назар мерасад. Инчунин бо омадани фасли сармо мардум дару тирезаҳои утоқҳои корӣ ва хонаҳоро пӯшида, ҳароратро аз 18 дараҷа зиёд мекунанд, ки инҳо сабаби авҷ гирифтани бемории COVID-  19 шуда метавонанд.

Аз ин рӯ номбурда тавсия медиҳад, ки бояд аҳолӣ дар  фасли сармо ҳарорати утоқҳоро аз 18 дараҷа зиёд накунанд, тез-тез ҳавои хонаро тоза намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд ва дар ҷойҳои серодам ҷамъ нагардида, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 718
  • 1,242
  • 949,738