Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани донишҷӯён бо китобҳои таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ мебошад. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз донишҷӯёни то курси чоруми се факултети донишгоҳ бо китобҳои таълимӣ мувофиқи меъёр таъмин мебошанд. Ҳамзамон, барои таъмин намудани курсҳои панҷуми се факултет бо адабиёти таълимӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.
Чанде қабл боз 16 номгӯи китоб аз нашриёти Геотар – Медиа бо теъдоди 580 нусха харидорӣ гардида, ба китобхонаи донишгоҳ ворид карда шуд, ки аксарияти онҳо китобҳои таълимӣ барои курсҳои панҷум мебошанд.
Лозим ба қайд аст, ки китобҳо ба забони русӣ нашр гардидаанд.
Дар фаъолияти минбаъда низ роҳбарияти донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки донишҷӯёни тамоми факултетҳо аз китобҳои таълимӣ ба пуррагӣ таъмин бишаванд.