Душанбе: Сокинон бо хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин мегарданд

Душанбе: Сокинон бо хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин мегарданд
Август 25
10:48 2020

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар 6 моҳи соли равон  баҳри беҳбудии  сатҳи хизматрасониҳои тиббию  санитарӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир ва дигар тадбирҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Айни замон дар зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 16 беморхона фаъолият менамояд, ки дорои 2745 кати муолиҷавӣ мебошанд. Ғайр аз ин, дар тобеияти Раёсати тандурустии шаҳр ду хонаи кўдакон, ки ҳар кадом дорои 100 кат мебошанд ва дар онҳо кўдакони бепарастор ва сағирмонда муддати 4 сол бистарӣ мешаванд, фаъолият доранд. Таъминотнокӣ 31,8 кат нисбати 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад. Аз ин шумора  905 катҳои терапевтӣ,  614 катҳои ҷарроҳӣ,  495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ  мебошанд.

Дар сатҳи Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳр  ситодҳои доимоамалкунада оид ба тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 таъсис дода шуда, кори ситод дар асоси нақшаи пешниҳодгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баҳри беҳтар намудани ҳолати  санитарию-эпидемилогии муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар 6 моҳи  соли равон як қатор муассисаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он  таъмин намуд.

Бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳр бо мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи тиб мебошад.

Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар сохтори Раёсати тандурустии шаҳр 3376 нафар табибон ва 5463 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Таъминотнокӣ бо табибон 39,1 ва кормандони миёнаи тиб 63,3 ба 10 000 аҳолиро ташкил медиҳад.

Давоми 6 моҳи соли 2020  511 нафар, аз ҷумла 174  нафар табибон ва 337 нафар кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тиббии шаҳр бо кор таъмин шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии  пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонидашудаанд. Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ 149 нафар табибон аз такмили ихтисос гузаштанд. Ҳамзамон, 196 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос, инчунин 4 нафар табибон ва 60 нафар кормандони миёнаи тиб  ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Баҳри иҷрои  банди 9-уми Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31.12.2011, №592 “Дар доираи татбиқи “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.02.2010, №61 тасдиқ гардидааст, андешидани  чораҳо оид ба такмил додани ихтисоси кормандони соҳаи тиб, тақвият бахшидан ва афзоиш додани имконияти тайёр намудани кадрҳои тиббӣ, таҳия ва татбиқи воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ба кор ҷалб кардан ва нигаҳдории кадрҳои тиббӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе чораҳои натиҷабахш андешида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои зерсохтори Раёсат 96 нафар номзадони илмҳои тиб, 6 нафар докторони илмҳои тиб ва 1 нафар академики Академияи миллии илмҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Дар доираи татбиқи  барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳр ва  стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар муассисаҳои тандурустии пойтахт усулҳои нави коргузорӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бо роҳҳои камхарҷ ва  дар муддати кўтоҳ беморонро табобат намоянд.

Ҳамаи муассисаҳои тиббии пойтахт, ки бо барномаи эмкунӣ  сарукор доранд, мунтазам бо ваксинаҳои баландсифат, сўзандоруҳо, қуттиҳои бехатар, ҳуҷҷатҳои ҳисобот (журналҳои қайди эмкунӣ, шаклҳои 2Б (ҳисобот оиди эмкунӣ) шаклҳои 63 таъмин шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар  тамоми марказҳои саломатии шаҳрӣ ва шӯъбаҳои ҷарроҳии беморхонаҳо аз ҳисоби ҳуҷраҳои захмбандии тоза ҳуҷра барои гузаронидани амалиёти хатна ташкил карда, бо миқдори кофии доруҳои бедардкунанда ва асбоби корди барқӣ барои гузаронидани хатна таъмин карда шудаанд. Инчунин, бо мақсади фароҳам сохтани фазои мусоиди руҳию равонӣ барои кӯдакон долони ҳуҷраҳо бо телевизор,  бозичаҳо ва расмҳои гуногуни кӯдакона оро дода шудаанд.

Давоми 6 моҳи соли 2020 дар шаҳри Душанбе  2737 амалиёти хатна гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисони марказҳои саломатии шаҳрӣ  2274 -83,0% ва дар беморхонаҳо 463- 17,0 %  амалиёти хатна дар байни кӯдакон гузаронида шудааст.

Бо мақсади таъмини бехатарии эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолии пойтахт як қатор корҳо ба итмом расонида шуданд.

Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла домана, вараҷа (малярия), сурхча, гепатит ва бемории сил ҳафтае як маротиба ҷаласаи Раёсати тандурустии шаҳр бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тандурустии зертобеъ гузаронида шуда, дар асоси нақшаю чорабиниҳои таҳиягардида  оид ба паст кардани бемориҳои сирояткунанда марказҳои соҳавӣ ахборот медиҳанд.

Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои зерсохтори он ин хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда мебошад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои пешгирию шифоии зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 883  нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба қайд гирифта шудаанд.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба беҳтар намудани тарғиботи тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар байни аҳолии пойтахт бо тарзи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондааст. Дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои табобатию профилактикии зерсохтори Раёсат 40 ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим фаъолият намуда, мутахассисони  марказ ва духтурони ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим дар доираи иҷроиши «Барномаи ташаккули тарзи  ҳаёти солим дар  шаҳри  Душанбе то соли 2020», ки бо  Қарори Раиси  шаҳри Душанбе, таҳти №634-1 аз 30 ноябри соли 2010 тасдиқ шудааст, нақшаи тадбирҳои амалисозӣ  ташкил  намуда, бо Сарраёсати маориф, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, раисони маҳаллаҳо ва шаҳракҳо ва  имомхатибони масҷидҳо кор бурда истодаанд. Аз ҷумла дар 6 моҳи соли 2020 дар байни аҳолии маҳаллаҳо, муаллимон, хонандагони мактабҳо ва намозгузорони масҷидҳо оид ба  пешгирии касалии домана, сил, бемориҳои шадиди роҳи нафас, ботулизм, брутселёз ва бемориҳои ба воситаи об гузаронда, вараҷа, нашъамандӣ, камхунӣ, ҷоғар, зукоми нав, диабети қанд вохӯриҳо гузаронда, роҳҳои гузариш, нишонаҳо ва усулҳои пешгирии онҳо ба аҳолӣ фаҳмонида шуда, маводҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ тақсим карда шуданд.

Ҳамзамон, дар 6 моҳи соли 2020 аз тарафи  кормандони  марказ ва табибони ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими муассисаҳои пешгирию табобатӣ дар байни аҳолии шаҳр як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аёдати табақаи ниёзманди аҳолии шаҳр мунтазам ба ҷо оварда мешавад. Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки маъюбон ва беморон зери назорати қатъии роҳбарияти муассисаҳои тандурустии пойтахт қарор дошта, хизматрасонии тиббии онҳо дар сатҳи зарурӣ бо тариқи ройгон расонида мешавад.

Қобили қайд аст, ки давоми  6 моҳи соли  ҷорӣ аз тарафи кормандони марказ ва  кафедраи тибби эферентӣ  ва табобати интенсивии  Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ навгониҳои зерин ба роҳ монда шуд:

Истифодабарии технологияи мембранавӣ (плазмаферез), плазмаферези селективӣ дар табобати дислипидемияи рефрактори, ҳангоми паталогияҳои гуногун;

Коркард ва истифодабарии усули плазмаферез ба беморони гирифтори бемории Гиена Баре;

Коркард ва ворид намудани усули ултрафилтратсияи мембранави ба беморони гипергидротатсияи рефректори дошта (норасогии музмини гурда, норасогии шадиди кори  дил, норасогии музмини кори дил)

Коркарди усули ташхис ва табобати беморон бо ташхиси  бемориҳои музмини кори  гурдаҳо  дар ҳолати терминалӣ бо оризаҳои норасогии музмини кори дил.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

                       

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 902
  • 1,242
  • 949,922