Эълони озмун

Июл 03
14:39 2018

Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби котиби масъули Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ озмун эълон менамояд.

Мавқеи ҷойгиршавӣ:                                                                                         ш.Душанбе

Ўҳдадориҳои асосӣ:

  • ташкил намудани ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ (КМҲ);
  • таҳия намудани нақшаи кории солонаи КМҲ;
  • таҳия намудани маводҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои КМҲ;
  • ба роҳ мондани пешбурди коргузории ҷаласаҳои КМҲ;
  • таъмин намудани аъзои КМҲ бо маводҳои зарурӣ;
  • ҳамкорӣ намудан бо ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ;
  • аз номи КМҲ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти чорабиниҳои пешгирикунӣ оид ба ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа;
  • ташкил намудани фаъолияти гурўҳҳои техникии назди КМҲ;
  • кўмак намудан ҷиҳати ташкил намудани фаъолияти Кумитаи назоратии назди КМҲ;

Талаботҳои зарурӣ:

  • маълумоти олӣ дар соҳаи тиб ва илмҳои гуманитарӣ;
  • собиқаи корӣ на камтар аз панҷ сол;
  • малакаи муошират ва ҳамоҳангсозӣ;
  • маълумот оид ба стратегияҳо ва барномаҳо дар соҳаи мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа дар Тоҷикистон;
  • таҷрибаи корӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • доштани маълумот дар бораи сиёсат ва тартиби кори Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа;
  • таҷрибаи корӣ дар самти гузаронидани таҳлил, тартиб додани ҳисоботҳо ва пешбурди протоколҳои ҷаласаҳо;
  • дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дониши забони англисӣ афзалият аст;
  • дониши касбии маҷмўи барномаҳои MS Office (Word, Excel, Powerpoint).

 

Шахсони манфиатдор бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • ариза барои иштирок дар озмун
  • варақаи шахсӣ (резюме) бо забони русӣ
  • нусхаи дипломи таҳсилот

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба унвонии Котиботи КМҲ ба суроғаи электронии: ncc.tajikistan@gmail.com , ё дар лифофаи пўшида ба суроғаи: ш. Душанбе, кўчаи Шевченко 61, Пажўҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Мўхлати охири қабули ҳуҷҷатҳо – 16 июли соли 2018, то соати 14:00 вақти маҳаллӣ.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 542
  • 1,242
  • 949,562