Эмгузаронӣ- усули беҳтарини пешгирӣ аз беморӣ

Ноябр 30
19:45 2018

               Рўзҳои 27-28 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии пойтахт Мизи мудаввар доир ба натиҷагирӣ аз иҷроиш ва банақшагирии чорабиниҳо дар доираи амалишавӣ ва татбиқи Барномаи миллии иммунизатсия (эмгузаронӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро дар доираи амалишавии лоиҳаи грантии ГАВИ ҷиҳати пурзўр намудани системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд доир намуд.

Дар чорабинии мазкур муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбарони намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) Барномаи Рушди СММ (ПРООН) ва дигар шарикони рушд, инчунин роҳбарони марказҳои иммунопрофлактикии шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Умарзода Саида  Ғайрат, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Инчунин   Чакмак Ниёзӣ, роҳбари гурўҳи бемориҳои аз тариқи ваксина идорашавандаи бюрои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар қисмати Аврупо, Лучиано Калестини, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Саня Боянич, муовини роҳбари намояндагии  Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон  дар ҳамоиш ширкат варзида, суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки иммунизатсия усули аз ҳама самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Ваксина моддаи биологиест, ки барои фаъол кардани масунияти бадани инсон бар зидди бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст.  Пас аз ворид кардани ваксина, бадани инсон бар зидди барангезандаи беморӣ масуният, яъне қобилияти муҳофизатӣ ва сироятнопазирӣ ҳосил мекунад.

Дар баробари беҳтар намудани сатҳи  хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ва саломатии модару кўдак коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва мубориза алайҳи бемориҳое, ки тариқи ваксина пешгирӣ ва идора карда мешаванд,  яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар боқӣ хоҳад монд, зеро масъалаи мазкур дар Стратегияи рушди миллӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дарҷ гардидаст.

Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 барои андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда дар миқёси ҷумҳурӣ равона карда шудааст. Барномаи эминсозии миллӣ яке аз барномаҳои афзалиятнок дар бахши тандурустии кишвар аст. Тибқи омори расмӣ,  дар панҷ соли ахир Тоҷикистон ба сатҳи баланд (бештар аз 90%) –и эминсозӣ расид ва ҳамеша аз эминсозӣ дар кишвар пуштибонӣ хоҳад кард. Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ дар солҳои 2012 ва 2017 дар Тоҷикистон вуҷуди нобаробарӣ ва тафовут дар соҳа, бахусус таъмини дорухонаҳо бо ваксина ва хадамоти ваксинагузарониро ошкор кард.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар  ин баррасии  дастовардҳо ва мушкилиҳо дар самти иммунизатсия, ҳифзи солимии модару кўдак ва хизматрасонии кумаки аввалияи тиббии санитарӣ (КАТС), натиҷагирӣ аз монеаҳо дар ба даст овардани натиҷаҳои иммунзитасия  ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо дар доираи дастгирии лоиҳаи пурзўр намудани системаи тандурустӣ дар кишвар ва инчунин мубодилаи таҷрибаи шарикони миллӣ мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки иммунизатсия ё худ эмгузаронӣ усули беҳтару осонтар ва арзонтар аз табобат буда, ҳар сол дар ҷаҳон боиси наҷоти ҳазорҳо кӯдакон аз марг ва  маъюбӣ мешаванд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 741
  • 1,242
  • 949,761