ФАЙЗОБОД; нақши Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар рушди муассисиҳои тиббӣ

ФАЙЗОБОД; нақши Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»  дар рушди муассисиҳои тиббӣ
Декабр 20
11:54 2022

Ҳукумати кишвар  дар даврони Соҳибистиқлол пайваста барои рушди соҳаи тандурустии мамлакат тадбирҳои амал андешида, Асосгузори сулҳу Ваҳдати милл – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон саломатии миллатро бойигарии давлат эълон намудаанд. Бо дарки масъулияти волои пешаи табибӣ ва нақши ин соҳаи муҳим дар сиҳатии омма роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди соҳаи танудурустӣ дар мамлакат иқдомоти амалии ҳафгуфте рӯи даст гирифтаанд, ки ба маротиб зиёд шудани муассисаи табобатӣ, қомат афрохтани иншооти соҳавӣ дар низоми муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, ворид гардидани муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ дар зарфи 31 соли Истиқлоли миллӣ аз таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба ин соҳа сарчашма мегирад.

Имрӯз боиси қаноатмандист, ки вазъи хизматрасонии тиббӣ ҳатто дар дурдасттарин минтақаи кишвар мувофиқ ба талаботи замон бароҳ монда шуда, тамоми намуд ҷарроҳиҳои хурду бузург дар дохили мамлакат бароҳ монда шудааст. Маҳз таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар буд, ки норасоии кадрӣ дар низоми хизматрасонии тандурустӣ қариб аз байн рафтааст. Имрӯзҳо бо мақсади таъмини сиҳатӣ, сокинони дигар кишварҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоваранд, ки ин ҳолат аз дастёб шудани соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба дасторвадҳои беназири илмиву амалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Имрӯз соҳаи тандурустӣ дар кишвар рушд намуда, вазъи хизматрасонии тиббӣ мутобиқ ба стардартҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта, инчунин муассисаҳои тандурустӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ таъмин гардидаанд. Воқиеан имрӯз дар саросари мамлакат вазъи беҳдоштӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар беморхонаву муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҳатто амалӣ гардидани мушкилтарин ҷарроҳиҳо бароҳ монда шудааст, ки ин ҳама дастовардҳо пеш аз ҳама аз суботи ҷамъиятиву таваҷҷӯҳи хоссаи ҳукумати мамлакат ба сиҳатии омма нигаронида шудааст, ки дасторвадҳои илмиву амалии дастёбшуда дар низоми  тандурустии ноҳия Файзобод аз зумраи тонҳо маънидод мегардад.

Воқеан чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷуиҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустии мамлакат бемисл буда, сарфарозии ҳар  як корманди соҳа арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр дошта буданд, ки барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеъа зарур мебошад.  Ҳамин аст, ки дар баробари он ҳама дастгириҳову муҳаё шудани шароити хуби корӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва махсусан низоми хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияи Файзобод кормандони соҳаи тандурустии ноҳия    баҳри хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тамоми  донишу маҳорати  худро сарфа намуда бо  дилу нияти пок содиқонона  хизмат расонида дар соли ҷорӣ ба як қатор дасторвадҳо низ ноил гардидаанд.

Қобили тазаккур аст, ки айни замон дар низоми хизматрасонии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Файзобод 407 нафар табибон фаъолият мебаранд. Аҳолии ноҳияи бошад ба ҳолати феълӣ 114526 нафарро ташкил медиҳад.

ДАСТОРВАДҲО

Дар ноҳия   1-маркази саломатии ноҳиявӣ, 16-маркази саломатии деҳот, 6-марказҳои  саломатии соҳавӣ, 28-бунгоҳҳои саломатӣ, 5- нуқтаи тиббӣ ҷамъ 56- муассисаҳои КАТС фаъолият мекунанд.

Агар танҳо ба дасторвадҳо дар самти хостмону азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳо  назар афканем, дида мешавад, ки дар солҳои охир таҳти сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд хоссатан дар ҳамкории мутақобила бо  Бонки умумиҷаҳонӣ  дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»   2 адад Маркази саломатии деҳот   пурра азнавсозӣ гардида, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин гардиданд.

Ҳамзамон дар муҷаҳҳазсозии 16-маркази саломатии деҳот нақши Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»  назаррас арзёбӣ мегардад ва ин раванд то ба ҳол идома дорад.

Дар соли 2022 аз ҷониби Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» , ки сарпарасти он Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳаркорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, 2 адад нақлиёти ёрии таъҷили ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ дастрас гардиданд, ки онҳо баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ нақши муҳим мебозанд.

Аз замони татбиқи Лоҳаи мазкур бо имрӯз ҳама макразҳои саломатии деҳоти ноҳия таҳти сарпарастии он қарор дошта баҳри нигаҳдошти марказоҳои саломатӣ ва изофапулӣ ба маоши кормандони соҳаи тандурустӣ маблағҳои зиёде низ ҷудо шудаанд.

Ҳамзамон ба курсҳои омӯзишии тиббӣ оилавӣ ҷал намудани кормандон ва бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин намудани табибони олиавӣ низ Лоиҳаи мазкур корҳои зиёде ба сомон расонидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳия мутобиқ ба шароити замон фаъолияти тиббиро роҳандозӣ намуда, бо тамоми лавозимоти соҳавӣ таъмин мебошанд. Ҳамин аст, ки имрӯз ходимони соҳаи тибб баҳри сиҳатии омма аз тамоми имконот истифода бурда, бо муҳаё будани шароити хуби корӣ фаъолияти назарраеро пиёда сохтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,442
  • 2,153
  • 988,024