Таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода 4 ноябри соли равон ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти таваллудхонаҳо, махсусан, беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ ба занони ҳомила, занони навзод ва занони баъд аз таваллуд ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони таваллудхонаҳои пойтахт ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ ба занони навзод ва занони баъд аз таваллуд, кӯдакони навзод, кӯдакони то синни 5 сола ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.