Фаъолияти тавонбахшии маъюбон беҳтар мешавад

Фаъолияти тавонбахшии маъюбон беҳтар мешавад
Август 16
09:36 2019

Ба пешвози Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон

 Давоми шаш моҳи аввали соли равон олимону коршиносони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба омӯзиши бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, солимгардонии беморону маъюбон, баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ машғул гардида, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имкониятҳои мавҷуда ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ фаро гирифтаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» Муродалӣ Рӯзиев ва як нафар докторанти ҳамин пажӯҳишгоҳ Хоҷаев М. рисолаҳои доктории худро дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавии Федератсияи Россия бо муваффақият ҳимоя намуданд.

Дар робита ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” бо директори муассисаи мазкур Муродалӣ Рузиев сӯҳбат намудем:

 Сараввал мегуфтед, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар масъалаи тавонбахшии маъюбон аз ҷониби пажӯҳишгоҳе, ки роҳбарияшро Шумо ба ӯҳда доред, кадом корҳо ба сомон расонида шуданд?

-Дар баробари муассисаи илмӣ будан, дар сохтори Пажӯҳишгоҳ шӯъбаи амбулаторӣ ва клиникӣ мавҷуданд, ки ба муроҷиаткунандагон, аз ҷумла маъюбони гурӯҳҳои II-юм ва III-юм, кӯдакони маъюб, пиронсолон, камбизоатон хизматрасониҳои тиббии тавонбахшӣ пешниҳод карда мешаванд.  Дар давраи нимсолаи аввали соли ҷорӣ алакай дар амбулатория ба зиёда аз 1300 нафар ва дар клиника бошад ба зиёда аз 800 нафар хизматрасониҳо пешниҳод карда шудааст. Дар қисми клиникии муассиса толори варзиши табобатӣ, ҳуҷраҳои маҳсдармонӣ, гиёҳдармонӣ, сенсордармонӣ, ҳуҷраи мутахассиси заъфи нутқ, ташкисгоҳи клиникӣ, ҳуҷраи даруннигорӣ ва фаросавтӣ, намудҳои гуногуни дастгоҳҳои тавонбахшии барқӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки беморон ва муроҷиаткунандагон аз гурӯҳҳои номбаршудаи аҳолӣ ба тариқи ройгон тариқи таъинот ва таҳти назорати мутахассисон аз онҳо бархӯрдор мегарданд. Агар мо ба таҳлили рақамҳои омории қисми клиникии муассиса назар афканем, пас мушоҳида мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз шумораи умумии муроҷиаткунандагони амбулаторӣ 94,5 фоиз бо сабаби бемориҳои асаб ворид мегарданд. Дар зимн, зиёда аз 83,5 фоизи муроҷиатҳои амбулаторӣ ба кӯдакон рост меояд. Ҳамзамон аз нисф зиёди (55,1 фоиз) бистаришудагони қисми клиникӣ сокинони ноҳияҳои деҳот буда, боқимонда сокинони шаҳрҳо мебошанд. Қариб аз се як ҳиссаи (29 фоиз) бистаришудагонро дар бемористон кӯдакон ташкил додаанд. Дар баробари бистаришавӣ тибқи роҳхати муассисаҳои КАТС ба муассиса барои ташкили экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳар сол теъдоди муайяни маъюбон ташриф меоранд, дар ин давра барои гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ 80 нафар нахустмаротиба муроҷиат намудаанд.

Дар қисми илмии муассиса бошад, олимон ва муҳақиқони Пажӯҳишгоҳ асосан дар мавзӯъҳои фармоишии “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019” ва “Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” саргарми фаъолият мебошанд.

Дар асоси мавзӯъҳои номбаршуда корҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла муайян намудани вазъи иқтидорҳои муассисаҳои системаи давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар минтақаҳои кишвар, мониторинг ва баҳодиҳии таъсири фаъолияти муассисаҳои КАТС ва тавонбахшӣ ва тамоюли беҳтаргардонии ҳолати солимии маъюбон, муайянкунии сабабҳои маъюбият ва пешгирии маъюбшавӣ дар байни аҳолӣ, омӯзишҳои сотсиологӣ дар байни маъюбон оид ва ҳолати иқтисодию иҷтимоии маъюбон, дастрасии хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.

Айни замон муҳақиқон ба таҳлили маводҳои тадқиқот оид ба баҳодиҳии иқтидори тавонбахшии муассисаҳо дар ВМКБ ва вилояти Суғд машғул мебошанд, ки ба наздикӣ натиҷаи онҳо мавриди истифодаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон, бо назардошти сол то сол афзоиш ёфтани аҳолии ҷумҳурӣ, зиёд шудани дарозумрии шаҳрвандони кишвар ва баррасии баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва пиронсолон соли ҷорӣ дар сохтори Пажӯҳишгоҳ тағйиротҳо ворид карда шуданд, аз ҷумла аз ҳисоби таҷдиди сохтор дар қисми илмии муассиса “Бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон” таъсис дода шуд, ки вазифаҳои ин бахш маҳз барои омӯзиши илмии масъалаҳо вобаста ба пиршавии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон иборат мебошанд.   

 Дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳа аз ҷониби пажӯҳишгоҳ чӣ чораҳо андешида шудаанд?

-Пеш аз ҳама бояд қайд намоям, ки дар асоси Иҷозатномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳ ваколати ташкил ва гузаронидани давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси мутахассисон дар самтҳои “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ” ҳам барои духтурон ва ҳам барои кормандони миёнаи тиббӣ инчунин дар самти “Кори иҷтимоӣ” дода шудаанд.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ дар соли таҳсили 2018-2019 бо такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои табибон) 102 нафар дар 7 курси таълимӣ, ки барои кормандони КАТС ва Хадамоти давлатии тахшиси тиббию иҷтимоӣ нигаронида шудаанд ва аз рӯи барномаи “Кори иҷтимоӣ” (барои кормандони хурди тиббӣ ва иҷтимоӣ) 49 нафар дар 4 курси таълимӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи соли 2019 дар ибтидои моҳи июни равон дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нигоҳи муосир ба экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон” барои кормандон ва мутахассисони КАТС ва дар маҷмӯъ барои зиёда аз 45 нафар гузаронида шуд.

Ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони илмии соҳа бошад, қайд карданием, ки соли ҷорӣ ду докторанти рисолаҳои илмии худро дар Тоҷикистон омода намуда, дар пажӯҳишгоҳҳои соҳавии Федератсияи Россия ҳимоя намуданд. Айни ҳол дар муассиса як нафар докторант ва се нафар унвонҷӯй фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар асоси нақшаҳи кориашон идома дода истодаанд. Инчунин дар назар аст, ки бо ҷалби мутахассисони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соли ҷорӣ ба таҳияи мавзӯъҳои ташаббусӣ ҳусни оғоз мебахшем. Ният ҳаст, ки мутахассисони ҷалбшаванда дар масъалаҳои умдатарини омӯзиши сабабҳои маъюбшавии аҳолӣ вобаста ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва хусусияти иҷтимоидошта фаъолият намоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати дар оянда бо назардошти равандҳои замонавии омодакунии кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби муассиса корҳо дар самти ҷорӣ намудани шакли барои кишвар ҷадиди системаи докторантура ба хусус PhD, самти фаъолияти бахши захиравию таълимӣ ва аспирантураи муассиса бо назардошти самтҳои нав тамдид карда шуд.

 Мӯҳтарам Муродалӣ Рузиев, ба хонандагон оид ба фаъолиятҳо дар самти мониторинги тиббию иҷтимоии маъюбон маълумот медодед?!

-Ба ҳамагон маълум аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 қабул карда шудааст ва он нақшаи татбиқи чорабиниҳои худро дорад ва албатта мониторинги иҷрои чорабиниҳо як ҷузъи хоссаи ин барнома мебошад. Дар ин самт мутахассисони Пажӯҳишгоҳ низ ҷалб карда мешаванд.

Масалан соли ҷорӣ мутахассисони мо дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мониторинги дастрасии маъюбон ба биною иншооти сохташаванда ва мавриди истифода қарордошта дар ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳрҳои Норак, Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон ҷалб гардида, аз натиҷаи мониторинг ба соҳибмулкон ва муассисаҳои сохтмонӣ пешниҳодоти зарурӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба дастрасии маъюбон ба биною иншоот ва инфрасохтори ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуданд. Ғайр аз ин, мутахассисони муассиса дар мониторинги фаъолияти муассисаҳои КАТС, комиссияҳои машваратию тиббӣ ҷиҳати анҷом додани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва корношоямии аҳолӣ ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд.

 Тавре иттилоъ дорем, моҳи октябри соли равон дар кишвар Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон гузаронида мешавад. Интизориҳои Шумо аз Форуми мазкур

-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қисми муайяни чорабиниҳои Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон бо сабаби норасоии маблағҳои молиявӣ иҷро ношуда мондаанд ва бидуни дастгирии молиявии институтҳои байналмилалӣ мо онҳоро шояд анҷом дода натавонем. Созмон додан ва даъвати Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама шарикон оид ба рушд аз наздик бо дастовардҳои соҳа, мушкилоти он дар самти солимгардонӣ, пешгирии маъюбӣ, тавонбахшии маъюбон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо ки яке аз самтҳои сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд, шинос шуда, ҷиҳати иҷрои муқаррароти барномаи дар боло номбаршуда саҳмгузорӣ намоянд. Бинобар ин, мо ҳам умед дорем, ки натиҷаи Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон ба иҷрои чорабиниҳои барномавӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.

 Ташаккур барои сӯҳбат!

 Суҳбаторо Хусрав Шоҳсаидов

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,238
  • 1,168
  • 841,724