Фаъолияти яксолаи Вазорат баррасӣ шуд

Фаъолияти яксолаи  Вазорат баррасӣ шуд
Январ 11
13:16 2019

10 январи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббӣ-“Шифобахш” доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2018 ҷаласаи ҳисоботии Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкурро Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, мавсуф аз дастовардҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 сухан ронд. Ӯ қайд намуд, ки соли сипаригашта барои мардуми шарафманди кишвар соли муваффақият ва бурдборӣ маҳсуб меёбад.

Насим Олимзода иброз дошт, ки се  рӯйдоди муҳимтарин дар ин сол барои мардуми Тоҷикистон ба кор даромадани аввалин агрегати НБО “Роғун”, барқарор гардидани равобит миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз тарафи Маҷмуаи Умумии СММ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул гардид, ки ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд, ки ин дастовардҳо дар таърихи давлатдории мардуми шарафманди тоҷик  бо ҳарфҳои  заррин навишта хоҳад шуд.

Инчунин зикр карда шуд, ки дар соли 2018 бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор гӯшаву канори мамлакат марказҳои зиёди саломатӣ бунёд ва ба истифода қарор гирифтанд, ки дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н. Олимзода аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми Сарвари давлат санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мушклоти соҳа ироа гаштанд, бори дигар ёдовар шуда, иброз намуд, ки мо бояд ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари муаззами миллат аз пештара бештар фаъолияти пурсамар дошта бошем ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар аз таҳти дил заҳмат кашем.

Дар ҷаласаи солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муоширати кормандон бо мизоҷон, расонидани кӯмаки аввалияи фаврии ройгони тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, новобаста аз шакли моликияташон, аз мавзӯъҳои асосии ҷаласаи солонаи вазорат ба шумор мерафтанд.

Сипас  доир ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода баромад намуд.

Мавсуф соли 2018- ро бо дарназардошти як қатор руйдодҳои муҳими таърихии фаромӯшнашаванда ҳамчун соли бобарору пурмаҳсул номид.

“Ҳамзамон мисли анъанаи муҳими муқарраршуда 26 декабри соли 2018 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди заминаи таърихи навини Тоҷикистон, таҳкими пояи сулҳу амнияти миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои хоси тоҷикон беназир буда, таваҷҷўҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ҳар як самти сиёсати давлатӣ, рушду такомули ҳаёти мардум, пешбурди илму маърифат ва танзими муносибат дар ҷомеа аз ғамхорию меҳрубонии Пешвои муаззами тоҷикон шаҳодат медиҳад”,-афзуд ӯ.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зикр намуд, ки ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои Шўрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои муҳими соҳа «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», «Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2015-2018» ва “Нақшаи стратегии рушди кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рўи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба камбудиву норасогиҳои ҷойдошта ва беҳтаркунии амалисозии онҳо дар оянда қарорҳои дахлдори Шўро қабул гардиданд.

-Инчунин, бо мақсади татбиқи босамари “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368 тасдиқ шудааст, якчанд ҷаласаҳои гурўҳҳои кории техникии амалисозии стратегия гузаронида шуда, 2 ноябри соли 2018, Шарҳи якҷояи солонаи соли ҳаштуми амалисозии Стратегияи мазкур (Саммит-8) баргузор гардид,-иброз дошт номбурда.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин сардорони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон- С. Маллазода , Суғд-Мақсудзода Ф., ВМКБ-Некушоева Н, шаҳри Душанбе-Шарифзода Х. аз фаъолияти худ дар соли 2018 гузориш доданд.

Дар охири ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода баромад намуд.

Номбурда аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ӯ аз тағйиру иловаҳои охире, ки ба Кодекси  ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти табибон ва фармасевтон ворид гардид, изҳори назар намуд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Абдуфаттоҳзода, аз ҷумла гуфт, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан дар ҳолати гирифтор намудани шаҳрвандон ба бемориҳои сироятӣ ё воридоти маводи дорувории бесифат ҳушдорест ба кормандони соҳаи тандурустӣ, зеро ин амал масъулияти онҳоро дар назди мардум ва қонун бештар мегардонад. Ҳамчунин онҳоро водор месозад, ки дар кори худ серталаб ва эҳтиёткор бошанд.

Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода  таъкид намуд, ки сатҳи муошират бо беморон ва хизматрасонии тиббӣ дар соли 2019 бояд беҳтар карда шавад.

Дар охири ҷаласа қарори Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони Раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар  баҳри  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ,  аз ҷумла, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, гузаронидани хатнаи кӯдакон ба таври ройгон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, пешгирӣ намудани воридоти маводи дорувории пастсифат, омода сохтани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, муоинаи никоҳшавандагон ва даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 36
  • 779
  • 1,242
  • 949,799