Фарзона, Шоираи халқии Тоҷикистон: «Пешвои миллат ба Озарахш саломи хос мефиристонданд…»

Фарзона, Шоираи халқии Тоҷикистон: «Пешвои миллат ба Озарахш саломи хос мефиристонданд…»
Май 11
16:20 2020

Бино ба иттилои воситаҳои ахбори омма, чанде пеш, аниктараш 15-уми апрели соли ҷорӣ Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш ба бемористони «Шайх Бурҳон»-и ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови вилояти Суғд барои табобат рафта буданд. Тавре духтарашон хабар дод, шоираи маҳбуби халқ Фарзона, хушбахтона, бемор нест ва ба беморхона танҳо ба хотири ҳамроҳӣ бо шавҳараш Озарахш, ки дар он рӯзҳо сармохӯрда буд, меравад. Ҳоло аҳволи саломатии шоир хеле беҳтар шудааст.

Дирӯз дар як саҳифае бо номи «Озарахш ва Фарзона» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори видеоие гузошта шуд, ки дар он Шоираи халқии Тоҷикистон чунин харф задаст:

— Тавре Мавлоно мегӯяд:

Биё то қадри ҳамдигар бидонем,
Ки то ногоҳ зи ҳамдигар намонем.
Кунун пиндор мурдам оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун рафтагонем.

Худованди бузург ба сари башар имтиҳонҳои зиёд мефиристад ва озмоишу санҷиши фаровон медиҳад. Вақте Худованд ба мову шумо саодат ҳадя мекунад, ҳамин саодат низ ҳатто имтиҳон аст, ки ин саодатро мову шумо чӣ гуна таҳаммулу қазоват мекунем ва чӣ гуна аз он ком ситонида, онро бо мардум қисмат мекунем. Вақте ба мо давлат мефиристад, ин ҳам озмоишу имтиҳон аст. Вақте ба мо шуҳрат ҳадя мекунад  — ин бузургтарин озмоиш аст, зеро на ҳама кас метавонад ҳангоми шуҳратмандӣ муносибати худро бо инсонҳо он тавре, ки қабл буд, ҳифз кунад. Вақте ба мо  машақат ва азият, дарду ориза мефиристад, —  ин  бузургтарин санҷишу имтиҳон аст. Ман медонам, ки Озарахш бо таҳаммули мардона, бо сабри аюбӣ, бузургворӣ, собирӣ ва бо шукри беҳад ин ҳама ғаму ранҷ ва дардро сипарӣ намуд ва ҳоло дар марҳилаи таҳаввул ва таҷаддуд қарор дорад.

Барои хонаводаи мо паёми нек ин буд, ки ягон нафар дар сӯе истода, бетараф ва бетафовут набуд.

Ҳатто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи чандин аҳли мақом ва масъулон ба Озарахш саломи хос мефиристоданд. Сарвазири мамлакат бисёр мубодират ва ёрмандии руҳонӣ ва равонӣ карданд. Инчунин Раиси вилояти Суғд  ҳамеша ёвар ва ёри мо буданд ба ҳадде, ки модари азизашон шабҳо ба Озарахш занг зада, дуо мекарданд ва мегуфтанд, ки кош ҳамон рӯзе зуд фаро расад, ки ман ба шодбоди саломатии шумо равам.

Нафарони оддитарини олам ва шахсони маъмулӣ низ ҳамеша дуо мефиристоданд. Аз дуо қимматмандтар ва бамиқдортар чӣ буда метавонад?!

Вақте бародарзодаҳои мо ба бозор ба нияти харид ворид шуданд, нобиноеро диданд, ки бо асо мерафт ва мегуфт:

Худоҷон, аз бало моро нигоҳ дор!
Замину осмонҳоро нигоҳ дор!
Бимон фарзанди одам рӯз бинад,
Тамоми аҳли дунёро нигоҳ дор»…»*.

Ва ин нобино мегуфт, ки Илоҳо бани одамро аз ин маргу ориза раҳо кун ва Озарахшу Фарзонаро хам дар ин миён муждаи амн бидеҳ. Бо ин гуфтаҳо ба чашмони хешовандони мо ашк давид. Як нафаре, ки аслан бо мо пайванду шиносоӣ ва ошноии мустақим надорад ин ҳама дуоро ба нишонаи мо мефиристад.

Аз тамоми шаш қитъа, ёрону пайвандон, ошноёну ношиносон, ҳабибону анисону ҷалисон ва ҳама инсонҳои азиз, ки  ба мо занг мезаданд ва дуои саломатӣ мекарданд, изҳори сипос менамоям.

Ман дар як шеъри худ гуфта будам, ки:

Ҳар он пайке, ки бар мо мефиристӣ,
Паёмак нест, пайғоми бузург аст.

Паёмакҳое, ки ба унвонии устод Озарахш меомад, воқеан муждаҳои бузург  буд. Як паёме ба ёдам монд, ки касе навишта буд: «Нафаре, ки дар тансиҳатӣ Худовандро ёд мекунад, рӯзи беморӣ худояш ӯро фаромӯш намекунад».  Ин паём моро мутаассир кард ва умедвор сохт, ки муждаи амн ва саломат  меояд.

Ҳамаи он рӯзноманигорони азизе, ки аз чорсӯи олам ҳамеша занг мезаданд ва мутаасифона мо имкон надоштем, ки ба ҳама онҳо посух гӯем. Ман бо арзи пузиш ва маъзарат ба ҳамаи инҳо мегӯям, ки рӯзу рӯзгори хуше меояд, ки тамоми халқи олам ва мардуми Тоҷикистони мо аз ин «тӯфони бало» раҳо мешаванд ва мову шумо бо ҳам ҳарфи хуш радду бадал ва мубодилаҳои муҳаббат мекунем.

Ман мехостам барои он табибони ҷоннисоре, ки ин ҳама рӯз ҳамроҳи гирифторон ва маризон  ба сар бурданд ва бисёр ҷоннисорӣ, сарсупурдагӣ ва бузургвориҳо карданд, ҳазор хирмани сипос гӯям. Чӣ қадар рӯзҳое буд… Ҳатто як табиби ҷавоне, ки  ҳамроҳи мо буд ва фарзандаш тоза таваллуд шуда буд  ва ҳанӯз дидорашро он сон, ки мехост надида буд ва шабҳо орзуманди дидори фарзанд буд ва дуо мекард, ки устод зуд муждаи саломат ёбанду ман ба дидори фарзандам расам. Чандин нафарҳое буданд, ки яке ба ёди модар, дигаре ба ёд хешованди дигар, савумӣ ба ёди фарзанду пайванди худ месӯхт ва мехост, ки  зуд барои мо пайки шифо ояд.

ДАР АКС: Озарахш ва Фарзона

Як рӯзи тӯфонӣ замин ранги тира гирифта буд ва дарахтон сахт меларзиданду як қисмашон решакан мешуданд ва сутунпояҳо меафтиданд. Ин бисёр ҳолати даҳшат буд ва ин замон барқ хомӯш шуд. Вақти шом фаро расида буд ва тирагӣ дунёро фаро гирифта буд. Вақти аз тиреза нигоҳ кардан дар берун як ғубори бузург бархоста буд.   Аҷаб ҳоле фаро расид, ки дастгоҳи сунъии нафаскашӣ хомӯш шуд ва ман ба худ гуфтам, ки ҳоли устод чӣ мешавад?

Вақте ба поён нигоҳ кардам як нафар корманди маъмулии бемористони Шайх  Бурҳон, ки  мо он ҷо будем, дар даруни ин тӯфону сутунҳои ларзанда ва дарахтони афтанда  давон рафта дизелро ба кор андохт. Ростӣ дар ҳоли даҳшат  на ҳар кас  ин корро мекард. Садояшро шунидам, ки мегуфт: «набояд устод бенафас монанд».   Вақте пурсидам номи ин бародар чист? Ӯ ба ҳадде одами маъмулӣ ва оддӣ буд, ки чанд нафар табибоне, ки ҳамроҳи ман буданд, номи ӯро намедонистанд. Ман гуфтам: «Ин қаҳрамон аст, ки бо ин бузургворӣ омад ва ба инсонҳо нафас ҳадя кард».

Тамоми табибоне, ки ҳамроҳи мо буданд, шояд унвони қаҳрамонӣ ва мақоми бузургаворӣ натавонад, ки масоҳати бузургиву хидматҳои онҳоро ифода кунад. Ба онҳо  ҳазорон раҳмат мефиристам ва орзу мекунам, ки ба ҳама хубиҳояшон бузургтарин пардохт ҳам аз ҷониби давлату Ҳукумат  мешавад ва ҳам аз ҷониби Ҳазрати парваридагор, ки банданавоз аст ва ба табибон мақоми шарифтаринро лоиқ донистааст…

 

Ҳарфҳои шоираро инҳо навишта гирифтанд:
Холисаи АСОМИДДИН,
Акрамхоҷа АКБАР

 

_________________________________

*Мисраҳо аз як шеъри нави худи Фарзона, ки дере нагузашта вирди забони хосу ом гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738